Dataset Viewer
Auto-converted to Parquet
title
stringlengths
0
138
content
stringlengths
12
102k
Абакумовская (ноҳияи Шенкур)
Абакумовская - деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Шенкур, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, дохил мешавад 3. Ҷуғрофия Ин деҳа дар ноҳияе қарор дорад, ки ба ноҳияҳои Шимолгони Русия дохил мешавад.
Абат
Абат, биотион, дифос — як навъ моддаи химиявӣ. Аз кристаллҳои сафед иборат аст. Барои нобуд кардани кирминаи пашшаю магасҳо ва ҳашароти молхонаҳо, ҳамчунин аз кана, трипс ва дигар ҳашароти зараррасон ҳифз намудани зироат — лаблабуи қанд, сабзавот, рустаниҳои ситрусӣ ва пахта истифода мегардад.
Амали Қонуни Ҷиноятӣ дар макон
Амали Қонуни Ҷиноятӣ дар макон - доираи амали қонуни ҷиноятӣ дар макон аз рӯи принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад. 1. Принсипи қапамравӣ 2. Принсипи шаҳрвандӣ 3. Принсипиуниверсалӣ(ҳаматарафа) 4. Принсипи воқеӣ (реалӣ) Мувофиқи қ. 1 м. 14 Кодекси Ҷиночтии ҶТ ҳамаи шахсоне, ки дар қаламрави ҶТ ҷиноят содир кардаанд, мутобиқи КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, агар тибқи шартномаҳои баӣналхалқии ҶТ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад. Ҳангоми дида баромадани принсипи мазкур Қонуни ҶТ "Дар бораи сарҳади давлатии ҶТ", ки аз 1 августи соли 1997 амал мекунад, бояд ба инобат гирифта шавад. Тибқи қ. 1 м. 15 КҶ ҶТ шаҳрванди ҶТ, инчунин шахси бешаҳрвандии доимодарҶТ истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати дигар содиркардааш мутобиқи КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар барои ин ҷиноят дар давлати дигар маҳкум нашуда бошад. Шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар ҶТ доимо истиқоматкунанда барои ҷинояти берун аз ҳудуди ҶТ содиркардаашон мутобиқи КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Агар онҳо ҷиноятесодир карда бошанд, ки меъёрҳои ҳуқуқи баӣналмилалие, ки ҶТ эътироф кардааст, ё меъёрхои муқаррарнамудаи қарордод ё созишномаҳои баӣнидавлатӣ пешбинн намудаанд ва агар онҳо дар давлати дигар маҳкум нашуда бошанд, дар қаламрави ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешахрвандии дар ҶТ доимо исгиқоматкунанда барои ҷинояти бсрун аз ҳудуди ҶТ содиркардаашон ба ҷавобгарӣ кашида мсшаванд, агар онҳо бар зидди шахрвандони ҶТ ё манфиатҳои ҶТ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир карда бошанд ва барои ин кирдор дар каламрави давлати дигар махкум нашуда бошанд.
Абулаббоси Марвазӣ
Абулаббоси Марвазӣ (Аббоси Марвазӣ;? — 81015, Марв) — шоир и зуллисонайн ва аз бузургзодагону донишмандони аҳли Хуросони Бузург, яке аз нахустин қасидасароёни форсизабони баъдазисломӣ. Зиндагинома Муаллифи "Маҷмаъ-ул-фусаҳо" Ризоқулихони Ҳидоят Абулаббоси Марвазиро дуюмин шоири форсизабони баъдиисломӣ дониста, зикр менамояд, ки соли 809, ҳангоми ба Марв омадани халифаи араб Абулаббос Абдуллоҳ Маъмун дар мадҳи ӯ ба забони форсӣ шеъре навишта тақдим карда будааст. Осор Аз мероси адабии Абулаббоси Марвазӣ то замони мо ҳамагӣ 4 байти як қасида боқӣ мондааст: Ай расонида ба давлат фарқи худ бар Фарқадайн, Густаронида ба фазлу ҷуд дар олам ядайн. Мар хилофатро ту шоиста чу мардум дидаро, Дини Яздонро ту боиста чу рухро ҳар ду айн. Кас ба-д-ин минвол пеш аз ман чунин шеъре нагуфт, Мар забони порсиро ҳаст то ин навъ байн! Лек аз он гуфтам ман ин мидҳат туро то ин луғат, Гирад аз мадҳу санои ҳазрати ту зебу зайн.
Абдуллообод (Чимканд)
Абдуллообод Әбділабад) — деҳаи (ауыл) барҳамёфта дар вилояти Туркистони Қазоқистон. Дар ноҳияи Сайрам ҷойгир буд. Дар соли 2014 қисме аз (маҳаллаи) шаҳри Чимканд шуд ва аз ҳисобҳо бароварда шуд. Дар соли 2009 2043 нафар аҳолӣ дошт.
Абай (ноҳияи Саврон)
Абай Абай) — деҳа (ауыл) дар вилояти Туркистони Қазоқистон. Дар ноҳияи Саврон ҷойгир аст. Дар соли 2009 1513 нафар аҳолӣ дошт.
Абалаково (ноҳияи Нижнеудинск, Иркутск)
Абалаково — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Нижнеудинск, ки дар вилояти Иркутск қарор дорад, дохил мешавад.
Абдол, Бобо Алишоҳи Ироқӣ
Абдол Бобо Алишоҳи Ироқӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 15). Зиндагинома Бо номи Алиф Абдол машҳур буда, бо тахалллуси "Мутеӣ" низ шеър месурудааст. Мувофиқи маълумоти Ризоқулихони Ҳидоят (тазкираи "Равзат-ус-сафо") Абдол шахси озодманиш буда, бо мансабдорон ва ҳукмронони замонаш душманӣ доштааст ва онҳоро сахт танқид мекардааст. Ашъораш, ки ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то имрӯз расидаанд, оҳанги сӯфиёна доранд.
Абайил
Абайил Абайыл) — деҳа (ауыл) дар вилояти Туркистони Қазоқистон. Дар ноҳияи Тулкибос ҷойгир аст. Дар соли, дар соли 2009 бошад 340 нафар аҳолӣ дошт.
БПНМ
БПНМ — бемориест, ки онро вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба вуҷуд меорад. 3 5 СПИД-ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи Муттахидаи СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд. Аз рӯзи пайдо шудани ин бемори дар ҷаҳон тақрибан 60 млн, нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, қи аз онҳо 20 млн нафар ба ҳалокат дучор шудаанд. Аломатҳо ва нишонаҳо ВИЧ-(вируси норасоии масьунияти бадан) барангезандаи бемории СПИД мебошад. Ҳангоми ба вуҷуди одам дохил гаштани вирус на ҳама вақт нишонаҳои беморӣ дида мешавад, аммо он шахсон метавонанд дигаронро сироят кунанад. ВИЧ-бевосита ба хуҷайраҳои системаи худмуҳофизати (иммунии) инсон зарар мерасонад. Вирус ҳуҷайраҳои системаи иммунии оринизмро хароб карда, вайро аз қобилияти табии худмуҳофизат маҳрум месозад. Хуни инсон аз заррачаҳои сафеди хун (лейкоситҳо) ва заррачаҳои сурхи хун (эритротситҳо) иборат мебошад. Лейкоситхо ба системаи иммунӣ тааллуқ дошта, организми инсонро аз микроб ва вирусҳои касалиовар муҳофизат мекунанд. Вале вируси норасоии масъунияти бадан бевосита ба таркиби лейкоситҳо ва лимфоситҳо ворид гашта, онҳоро нобуд месозад. Барон ҳамин системаи худмуҳофизатии одам суст мегардад. Он қадаре, ки вируси ВИЧ лейкоситҳоро зиёд нобуд кунад, ҳамон қадар системаи иммунии инсон хароб мегардад. Сут ва хароб гаштани иммунитети инсон боиси авҷ гирифтани ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда шуда метавонад. СПИД-ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Бемори, ки ҳамчун аломати норасоии масьунияти бадан муайян карда мешавад. Аз авали солҳои 80 асри маълум аст. Имрӯзхо тибқи маълумоти Барномаи Муттахиди СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони аз 14 то 20 сола ташкип медиханд. Таърих Аз рӯзи пайдо шудани ин бемори дар ҷаҳон тақрибан 6О млн, нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, ки аз онҳо 20 млн, нафар ба халокат расиданд. Паҳншавӣ Ибтидои эпидемияи ВИЧ-СПИД дар мамолики муштаракул манофеъ ба қайд гирифта шудааст. То 80%-и ҳодисаҳои сирояти ВИЧ-СПИД дар МММ ба нашъамандон, ки моддаҳои нашъаоварро ба воситаи сузандору ба рагҳои хун мегузаронанд, ба қайд гирифта шудааст. Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 305 нафар, дар вилояти Суғд 88 нафар, дар шаҳри Исфара 22 нафар шахсони гирифтори ВИЧ ба қайд гирифта шудаанд. Чи тавр вирус сироят мекунанд? Ба ВИЧ, занҳо, мардҳо ва кудакон гирифтор шуда метавонанд. Барои ВИЧ-СПИД синну сол ва миллат вуҷуд надорад. Одамоне, ки ба вируси ВИЧ дучор шуданд дар давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд. Вале худи одам барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро фаъолона паҳн кунад. Аз сироятшави то пайдо шудани аломат ва нишонаҳои клиники аз 1 то 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст. Роҳҳои гирифторшавӣ Асосан се роҳи гирифторшавии вирус вучуд дорад: Бештар киҳо гирифтори ин бемори мегарданд? ВИЧ-СПИД дар байни шахсоне, ки (хатарнок таааллук доранд, бештар дида мешавад; Бо нашъамандоне, ки моддаҳои нашьа сузандоруҳо мегузаронанд ва ин асбоб намекунанд, ба занҳои сабукфикр ва шахсоне, ки бо одамони камшинос алоқаи ҷинси мекунанд; бо гомос (шахсоне, ки алокаи ҷинси мард бо биосексуалистҳо (алокаи ҷинси ҳам бо зан). ВИЧ-СПИД бо дигар роҳ сироят намешаванд: Дар Тоҷикистон Ёрирасонӣ Беҳрӯз Искандарзода бо дастгирии Илмхона ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид боти телеграмм барои расонидани кумаки комилан махфӣ ва беном ба шахсони мубталои ВНМО таъсис додааст.
Абаканово (ноҳияи Череповетс, Вологда)
Абаканово — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Череповетс, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.
Аббосиён
Аббосиён, банӣ Аббос. Аббосиён аз авлоди амаки паёмбар Муҳаммад (с) — Аббос ибни Абдулмутталиб (вафот 653) буданд. Аббосиён дар натиҷаи низои байни аҳли ташайуъ Умавиён ва муваффақиятҳои дар ин раванд ба дастовардаи шиъаён Умавиёнро сарнагун карда, соҳиби маснади хилофат шуданд. Аббосиён бо паёмбар робитаи хешу таборӣ доштанд ва барои соҳиб шудан ба қудрат аҳли суннат ва ҷамоат ононро ҷонибдорӣ карданд. Созмони зиддиумавии Аббосиён махфӣ амал мекард ва марказаш дар Куфа қарор дошт. То соли 747 онро нафаре ба номи Букайр ибни Моҳон ва баъдҳо Абдусалом сарварӣ менамуданд. Азбаски аксари қувваҳои зиддиумавӣ дар Хуросон мутамарказ гардида буданд, он ба маркази асливу асосии наҳзати зиддиумавӣ табдил ёфта буд. Расидан ба қудрат Абумуслими Хуросонӣ (аз соли 743) роҳбари асосии наҳзат дар Хуросон шуд ва мардумро ба тарафдории Аббосиён таблиғ карда, оқибат соли 749 Аббосиён ба қудрат расиданд. Аввалин халифаи Аббосиён Абулаббоси Саффоҳ буд. Дар ибтидои фаъолият андешаву афкори сиёсии Аббосиён чандон маълум набуданд, вале ба таври возеҳ ба муқобили туғёнҳои пайиҳами Алавиён муборизаи шадид мебурданд. Минбаъд ашрофи Эрон ва Осиёи Миёна пуштибони асосии Аббосиён гардиданд ва маркази хилофат аз Сурия ба Ироқ кӯчид. Шаҳри Бағдод, ки ба он халифа Аббосиён Мансур асос гузошта буд, пойтахти хилофати Аббосиён гардид. Хилофати Аббосиён дар даврони Мансур, Маҳдӣ, Ҳорунаррашид ва Маъмун ба авҷи камол расид. Хулафои аббосӣ аз замони хилофати Маъмун сар карда як силсила чорабиниҳои фарҳангиро ба амал бароварданд ва маркази илмию фарҳангии "Байт-ул-ҳикма" бо ташаббуси ӯ таъсис дода шуд. Дар он бештар олимони Эронӣ фаъолият доштанд ва тадқиқу таҳқиқи улуми замона ва тарҷумаи осори аҳди қадим ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин барои таҳкими хилофати худ Аббосиён тавонистанд аз эътиқодот ва назароти гурӯҳҳои гуногуни аҳли ташайуъ, чун ровандия, мӯътазила ва амсоли инҳо ба фоидаи худ истифода намоянд. Чунончи соли 817 халифа Маъмун домоди худ имом Алӣ ибни Мусо — Ризо (ҳаштумин имоми исноашъариён)-ро валиаҳди хилофат таъйин кард ва ҳатто аз номи ӯ сикка зарб зад, ки ин иқдом боиси норозигии шадиди аҳли суннат дар Бағдод ва дигар шаҳрҳо гардида буд. Наҳзати Аббосӣ моҳиятан ҷунбиши иҷтимоию сиёсие ба муқобили Умавиён буд, ки он инкишофи фарҳангиро низ ба дунбол дошт. Он амалан дар Хуросон оғоз шуд ва Аббосиён аз норозиёни хуросонӣ барои пирӯзии худ ва устувории ҳукуматашон истифода менамуданд. Дар аҳди Аббосиён зулми табақаи ашроф боз ҳам афзуд, ки боиси сар задани шӯришҳои халқӣ, аз қабили Исёни Муқаннаъ, Исёни Бобак ва амсоли инҳо гардид. Тадриҷан аз ибтидои садаи хилофати Аббосиён рӯ ба таназзул ниҳода, раванди парокандашавӣ дар он оғоз ёфт; дар Эрон, Осиёи Миёна, Закавказия, Миср давлатдориҳои мустақил таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо сулолаҳои маҳаллӣ (Тоҳириён, Саффориён, Тулуниён, Багратиён, Фотимиён ва дигар) ҳукмронӣ мекарданд. Силсилаи хулафои Аббосиён Силсилаи хулафои Аббосиён чунин аст: Абулаббоси Саффоҳ, Мансур, Маҳдӣ, Ҳодӣ, Ҳорунаррашид, Амин, Маъмун, Мӯътасим, Восиқ, Мутаваккил, Мунтансир, Мустаин, Муътаз, Муҳтадӣ, Муътамид, Муътадид, Муқтафӣ, Муқтадир, Қоҳир, Розӣ, Муттақӣ, Мустақфӣ, Мутеъ, Тойеъ, Қодир, Қоим, Муқтадӣ, Мустазҳир, Мустаршид, Рашид, Муқтафеъ, Мустанҷид, Мустадеъ, Носир, Зоҳир, Мустансир, Мустаъсим.
Абай (ноҳияи Тулкибос)
Абай Абай) — деҳа (ауыл) дар вилояти Туркистони Қазоқистон. Дар ноҳияи Тулкибос ҷойгир аст. Дар соли 2009 1431 нафар аҳолӣ дошт.
Абатурово (ноҳияи Николск, Вологда)
Абатурово — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Николск, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.
Абдон
Абдон — шаҳр дар Эрон, Бахши марказии шаҳристони Дир, Шаҳристони Даййир, устони Бушаҳри, Эрон. Дар барӯйхатгирии соли 2006, шумораи аҳолии он 6,058 нафар, дар 1224 оила буд.
Абдулфаттоҳ Сисӣ
Медали Шоҳ Абдулазиз Абдулфаттоҳ Саид Ҳусайн Халил ас-Сисӣ (аз; зод. 19 ноябр 1954 1, Қоҳира) — фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср мебошад, ки бо хондани баёнияе, тасмими артишро барои барканор кардани Муҳаммад Мурсӣ аз курсии раиси ҷумҳури Миср ба иттилои мардум расонд. Ин баёния пас аз поёни зарбулаҷали 48 соатаи артиш ба раёсати ҷумҳурӣ ва гуруҳҳои сиёсӣ барои дастёбӣ ба тавофуқе ба манзури поён додан ба буҳрони Миср содир шудааст 2. Эътилофи исломгароҳои "ҳимоят аз машруият ва мухолифат бо кудато" дар Миср, даъвати Абдулфаттоҳ Сисӣ барои тазоҳурот дар рӯзи ҷумъаро чун "эълони ҷанги дохилӣ" донист.
Адвокат
Адвокат, вакил, намоянда ё ҷонишин ("вакил — ", " — даъват менамоям") — ҳуқуқшиносест. ки барои расонидани ёрин ҳуқуқӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ даъват карда мешавад. Мақоми ҳуқуқии адвокатро Қонунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура" аз 4 ноябри соли 1995 муайян мекунад. Адвокат узви коллегияи адвокатҳо буда, метавонад манфиати муштариёни худро дар ҳама муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимоя намояд. Адвокат манфиатҳои қонунии муштариёни худро дар асоси бастани шартнома бо муштариён ҳимоя менамояд. Адвокат наметавонад он мавқееро ишғол намояд, ки ба мавқеи муштарии худ мухолиф бошад. Адвокат вазифаҳои худро дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла додани маслиҳати ҳуқуқӣ, тартиб додани аризаҳо, шикоятҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои характери ҳуқуқӣ дошта анҷом медиҳад. Адвокат дар асоси шартнома дар суд ҳамчун намоянда оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҳимоятгар оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ иштирок мекунад. Адвокат дар ҳамаи давраҳои мурофиа иштирок намуда, манфиати қонунии муштарки худро ҳимоя менамояд. Адвокатҳо ҳамчун аъзои коллегияи адвокатҳо метавонанд дар маҷлисҳо, конференсияҳои коллегияи адвокатҳо иштирок намуда, интихоб шаванд, таклифу пешниҳодҳо намоянд. Адвокатҳо аз иҷрои вазифаҳои ба зимма гирифтаашон ҳаққи заҳмат (гонорар) мегиранд. Адвокатҳо бояд дорои ахлоқи ҳамидаи касбӣ буда, талаботи қонунҳои амалкунандаро бечунучаро иҷро намоянд, малакаи касбии худро муттасил ривоҷ диҳанд, низоми меҳнатро риоя намоянд. Ба коллегияи адвокатҳо нафароне қабул карда мешаванд, ки шаҳрванди Тоҷикистон бошанд, маълумоти олии юридикӣ ва камаш ду сол собиқаи кории касбӣ дошта бошанд. Шахсоне, ки собиқаи кории касбӣ надоранд, камаш аз шаш моҳ то як сол шогирд-коромӯз меистанд (моддаи 18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура"). Адвокат дар мурофиаи консититутсионӣ низ иштирок менамояд. Суди конститутсионӣ ҳамчун ҳокимияти судӣ дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, волоияти меъёрҳои Конститутсия, амали бевоситаи онро дар қаламрави ҷумҳурӣ таъмин намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро аз ҳама гуна сӯиқасд ҳимоя менамояд. Суди конститутсионӣ вазифаҳои худро ба тариқи баррасии парвандаҳо дар мурофиаҳои судии конститутсионӣ бо риоя намудани принсипҳои дастҷамъӣ, ошкоро, мустақилӣ, баробарҳуқуқии тарафҳо ва дар асоси мубоҳисавӣ амалӣ мегардонад. Дар асоси м. 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикнстон" адвокат ба қатори дигар иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ дохил мешавад. Тартиби иштироки адвокатро дар мурофиаи мазкур Қонуни консгитусионӣ ва қонун дар бораи адвокатураи ҷумҳурӣ муайян мекунад.
Автократия
Автократия - (аз калимаи юнонӣ – – худам, ҳокимият) буда, маънояш ҳукмронии мутлақ, яккаидоракунӣ мебошад. Ба маънои маҳдуд ҳокимияти болоӣ новобаста аз аҳолӣ амал карда, мақомоти давлатӣ ва назоратӣ ба тариқи пурра ба як шахс тааллуқ дорад. Таърихи автократия Автократия чун сохти сиёсӣ, ки дар шароити он тамоми ҳокимияти олӣ дар ихтиёри ҳокими мутлақ аст, ба монархияҳои истибдодии давлатҳои Шарқи Қадим, ҳукмронии мустабидона дар Юнони Қадим, империяҳои Рим ва Византия хос буда, ба зурӣ ва яроқ такя мекард. Дар давраи истибдоди фашистӣ Автократия яке аз зуҳуроти ҳокимияти номаҳдуд ва худсарии шахсии Гитлер (дар Германия) ва Муссолини (дар Италия) барин диктаторҳо буд. Ба маънои васеъ шакли давлатдориест, ки аҳолӣ дар ташкили мақомоти олии давлатӣ иштирок намекунад ва мақомоти давлатӣ аз ҷониби ҳеч кас назорат карда намешавад. Ҳокимияти сиёсӣ мансуби як шахсе, мақоми коллективӣ мебошад (монархияи мутлақи меросӣ, диктатураи ҳарбӣ, шӯрои регентӣ, хунтаи ҳарбӣ). Ҳангоми режими автократӣ мумкин аст мақомоти намояндагии сохта барои ваколатҳои қалбакӣ ташкил карда шаванд. 1.
Аббод ибни Мӯсои Хутталӣ
Аббод ибни Мӯсои Хутталӣ — муҳаддис ва донишманди исломшиноси форс-тоҷик.
Аббоси III
Аббоси — — ёздаҳумин ва охирин подшоҳи Сафавиён. Зиндагинома Аббос писари хурдии шоҳ Таҳмосби буд. Ӯро сипаҳсолори пурқудрат Нодирқулибеки Афшор соли 1726 баъди аз салтанат барканор намудани Таҳмосби ба тахти салтанат нишонд ва худ то соли 1736 аз номи ӯ ҳукмронӣ кард. Соли 1376 Нодирқулӣ Аббоси -ро низ барканор намуда, худ ба тахти салтанати Эрон нишаст ва номи Ноибуссалтанаи Эронро гирифт. Соли 1740 Аббоси ҳамроҳи бародараш Исмоил ва падараш Таҳмосби аввал дар Сабзавор маҳбус ва сипас қатл карда шуданд.
Абарсом Шопур
Абарсом Шопур (асри) — наҷибзодаи эронӣ, даригбад (раиси дарбор) дар замони ҳукумати Шопури. Ӯ нахустин касе дар таърихи Соонӣ аст, ки бо унвони даригбад ёд шудааст.
Абдель Халим Мухаммед
Категория:Персоналии по алфавиту Категория:Википедия:Статьи о государственных деятелях без иллюстраций на Викискладе Абдулҳалим Муҳаммад (10 апрел 1910 (1910-04-10), Омдурман, Судони Англия-Миср - 16 апрели 2009, Хартум, Судон) — ходими чамъиятию сиёсй ва давлатии Судон. Раиси Совети Олии давлатии Судон (3 декабри июни 1965). Духтур, ходими варзиш. Зиндагинома Узви ташкили Конгресси генералии Судон, ки лоиҳаи аввалини меморандумро тартиб дод, ки истиқлолият аз истилои Англияю Мисрро талаб мекард. Узви Комитаи соҳибихтиёрии Судон. Аз 3 декабри соли 1964 то 10 июни соли 1965 — Раиси Шӯрои Олии давлатии Судон. Сарварии ҳукумати муваққати эътилофӣ, ки роҳро барои интихоботи умумӣ дар Судон боз кард. Вай баъди истиқлолияти кишвар аввалин раиси Шӯрои университети Хартум буд. Абдулҳалим Муҳаммад як ходими барҷастаи варзиш, яке аз муассисони Конфедератсияи футболи Африқо дар соли 1957 мебошад. Узви фахрии ФИФА, яке аз пешравони футболи Африқо. Як шахсияти калидӣ дар рушди Конфедератсияи футболи Африқо ва умуман футболи Африқо. Президенти 1-уми Ассотсиатсияи футболи Судон, Ассотсиатсияи аспдавонии Судон, Ассотсиатсияи баскетболи Судон. Солҳои 1968-1982 президенти Кумитаи олимпии Судон, узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ, узви фахрии Кумитаи олимпии Судон. Довари футболи дараҷаи байналмилалӣ. Ҳамчун довар дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 1974 1 иштирок кардааст.
Аббос Фассӣ
Аббос Фассӣ, таваллуд 18 сентябри 1940, Беркан, Марокаш) — сиёсатмадор ва арбоби давлатии Марокаш, сарвазири Марокаш аз 19 сентябри 2007 то 29 ноябри соли 2011, узви ҳизби Истиқлол. Зиндагинома Дар ҳукуматҳои гуногун, аз ҷумла дар вазифаҳои вазирӣ кор кардааст: солҳои 1977-1981 вазири сохтмон, 1981-1985 вазири ҳунар ва корҳои иҷтимоӣ, солҳои 1985-1990 сафир дар Тунис ва Лигаи кишварҳои солҳои 1990-1994 сафир дар Фаронса, Дар солҳои 2000-2002 Вазири шуғли аҳолӣ, омӯзиш, рушди иҷтимоӣ ва ҳамбастагӣ, солҳои 2002-2007 дар ҳукумати номзади мустақил Идрис Ҷету вазири давлатӣ буд. Пас аз пирӯзии ҳизби Истиқлол дар интихоботи порлумонӣ дар соли 2007, ӯро шоҳ Муҳаммади ба мақоми нахуствазир тасвиб кард. 29 ноябри соли 2011 Аббос Фассиро раҳбари Ҳизби Адолат ва Рушд сарвазир Абдулилоҳ бин Киран 1 иваз кард.
Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ
Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ (июли 1861, Шайхобод, Қазвин — 14 октябри 1938, Сулаймон-Дороби Рашт) — муфассир, воиз, сӯфӣ ва мунаққиди тасаввуф. Зиндагинома Пас аз сӣ соли хидмат ба тариқати гунободия (яке аз шохаҳои неъматуллоҳия), бино бар эътироз ба ҷонишинии меросӣ дар тариқати мазкур ва беадолатиҳое, ки дар он мушоҳида кард, аз он рӯ гардонид, даъвоҳои шайхҳои гунободияро ботил ва эътиқодоту амалҳои онҳоро аз назари ақливу нақлӣ нодуруст дониста, ба нақди тасаввуфи марсум пардохт. Рашид Ёсамӣ, Саъид Нафисӣ, Алии Даштӣ, Аббос Иқболи Оштиёнӣ аз ҷумлаи шогирдони ӯянд. Аз Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ таълифоти бисёре боқӣ мондааст. Ӯ як тафсири ду тафсири форсӣ ва тарҷумаи Қуръон навиштааст. Муҳимтарин осори Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ: "Розгушо" — шомили посух ба 50 суол дар бораи ақоид ва одоби силсилаи гунободия, истилоҳоти сӯфиён, сабаби аз тасаввуфи марсум буридани ӯ; рисолаи "Беҳинсухан" — дар посух ба 12 пурсиш дар ҳамин мавзӯъҳо ва тавзеҳи баъзе навовариҳои ӯ дар тасаввуф; рисолаи "Устувор" — дар баёни асоси тасаввуф, маънои ҳақиқии он, фарқи он аз тасаввуфи марсум, истилоҳоти тасаввуф, одоби марбут ба қутб ва мурид, баъзе асрори силсилаҳои тасаввуфӣ; "Ирфоннома" дар бораи ҳақиқати ирфон аз диди муаллиф; "Кайвоннома" саргузаштномаи муаллиф аз даврони кӯдакӣ, таҳсил, устодон, шарҳи сафарҳо ва мулоқоту мубоҳисаҳое, ки бо сӯфиёну уламо доштааст. Девони шеър ва осоре дар бораи баъзе бузургони ирфону адаб низ дорад, аз ҷумла, шарҳи ҳоли Абусаъиди Абулхайр, шарҳи ирфонии баъзе рубоиёти Хайём. Мухолифати Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ бо тасаввуфи марсум на фақат ба сабаби мақоми меросии шайхӣ ва қутбӣ, балки ба таври куллӣ иддиои қутбият аз сӯйи шайхони силсилаҳои тасаввуфӣ буд. Аз назари ӯ, киштии тасаввуф нохудо ё қутб надорад, зеро қутб бояд дар чаҳор ҷиҳати зер дар мурид тасарруф кунад, вагарна, дурӯғгӯ аст: зоил кардани иродаи гуноҳ аз дили мурид, табдили разилати ахлоқии ӯ ба фазилат, муҳкам сохтани эътиқодоти динӣ ва маърифат ба Худо ва зудудани шак аз дили мурид ва ниҳоят, иртиқо додани мурид аз олами носут ба олами малакут. Мурид низ бояд омодагии ин тасарруфоти ботиниро дошта бошад. Ӯ он шайхони сӯфияро, ки муддаии се тасарруфи аввал ва шайхони силсилаи гунободияро, ки муддаии ҳатто чаҳорумин тасарруф буданд, дурӯғгӯ ва дунёхоҳу ҷоҳталаб медонист. Ба сабаби мухолифати Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ бо тасаввуфи марсум бархе вайро муттаҳам ба.
Абайкан (деҳа)
Абайкан — деҳаест дар Русия, ки дар ҳайати ноҳияи Мазановский, вилояти Амур медарояд.
Абдибеки Шерозии Ҳамадонӣ
Абдибеки Шерозии Ҳамадонӣ (1557, Ҳамадон —?) — шоири форс-тоҷик. Зиндагинома Дар зодгоҳаш — Ҳамадони Эрон таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз хонадони шахсони фозилу донишманд, хоҳарзодаи шоир Ҳалокӣ ва бародари калонии шоир Рашкӣ буд. Ҳафт маротиба ба Ҳиндустон (охирин бор соли 1616) сафар карда, бо шоирону адбони ин кишвар вохӯрдааст ва дар маҳфилҳои адабӣ иштирок доштааст. Адибон Абулфазл ибни Муборак, Мирзо Абдурраҳимхони Хони Хонон ба Абдибеки ҳусни таваҷҷуҳ доштанд, ба ӯ ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасониданд. Эҷодиёт Абдибеки шоири соҳибдевон аст. Девонаш аз 3000 байт иборат буда, дар он навъҳои гуногуни шеър, махсусан ғазал, рубоӣ ва ғайра фароҳам омадаанд.
Абакшино (ноҳияи Вологод, Вологда)
Абакшино — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Вологод, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.
Аббос ибни Шит
Аббос ибни Шит — малики дудмони Ғуриён, ҷонишин ва бародарзодаи Абуалӣ ибни Муҳаммад.
Алифбои овонигории байналмилалӣ
Алифбои овонигории байналмилалӣ (АОБ,, кутаҳ.;, кутаҳ.) — як сомонаи навишторӣ ва овонигорӣ аст, ки бар пояи алифбои лотинӣ сохта шудааст. Ин сомона ба василаи Анҷумани овошиносии байналмилалӣ ба унвони як алифбои стандарт барои нишон додани садоҳои эҷодшуда дар забонҳои гуногун тарроҳӣ шудааст. Дар эҷоди ин сомона аз донишҷуён ва устодон бо забонҳои гуногун, забоншиносон, овозононон ва ҳунарпешагон, фарҳангнависон, забонфаросозон ва мутарҷимон кумак гирифта шудааст. Алифбои овонигории байналмилалӣ барои нишон додани ҳолатҳои баёнӣ, монанди ҳиҷо, оҳанги ҷумла, иттисоли вожаву ҳиҷоҳо, инчунин, ҳолатҳои нукизабонӣ, дандонсоида ва димоғӣ сухан гуфтан ва ғаайра истифода мешавад. Ҳар намоди ин алифбо ду унсур – ҳарф ва аломатҳои эъроб дорад. Барои ин алифбо соли 2005, 107 ҳарф, 52 эъроб ва 4 аломати лаҳн пазирута шуд. Ҳадафи АОБ эҷоди як аломату нишон барои ҳар овоз аст. Таърих Соли 1886 гурӯҳе аз мударрисони забони фаронсавӣ ва инглисӣ бо роҳбарии Поул Пессӣ дар соҳаи овошиносӣ ниҳоде ташкил доданд, ки соли 1896 бо номи Анҷумани овошиносии байналмилалӣ шинохта шуд. Мояи аслии ин алифбои ибдоӣ аз лотинӣ ва юнонӣ нашъат мегирад. Нахуст ин алифборо барои овонигориву овошиносии забонҳои фаронсавӣ ва инглисӣ ба кор бурданд. Ба тадриҷ корбурди он ба дигар забонҳо татбиқу густариш ёфт. АОБ дар солҳои 1900, 1930 ва 1986 дучори тағйиру изофот гардид. Ниҳоят соли 2005 бо иловаву изофоти густурда то ҳол собит мондааст. Ҳарфҳо Ҳамсадоҳо.
Обода
Обода — яке аз шаҳрҳои Эрон дар устони Форс аст дар баландии 1,890 метр дар роҳи байни Исфаҳон ва Шероз ҷойгир аст. Шумори аҳолии ин шаҳр дар саршумории соли 2006, 55,000 нафар будааст.
Аббодии Марвазӣ
Аббодии Маразӣ — Абулфутӯҳи Розӣ, Ҷамолуддин Ҳусайн ибни Алӣ ибни Муҳаммад (1087, Рай — 1157) — мутакаллим ва муфассири форс-тоҷик ва муаллифи тафсири "Равзату-ҷ-ҷинон ва рӯҳу-л-ҷинон".
Айбасти
Айбасти — шаҳр дар Вилояти Ӯрду и Туркия. Аҳолиаш 14,145 нафар. Баландӣ аз сатҳи баҳр — 697 м. Нигаред.
Амали санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
Амали санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ - вақти амали санад, худуди амалн он ва ашхоси тобеи танзимн хукуқиро дар назар дорад. Санадҳои меъёрн-ҳукуқӣ аз рӯзи қабул ё аз рӯзи нашр ва ё аз рӯзе, ки дар худи санад нишон дода шудааст, мавриди амал қарор мегиранд. Қонунҳо танҳо пас аз интишори расмии онҳо амал мекунанд. Санадҳои меъёрии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ амал мекунанд. Ҳудуди Тоҷикистон аз ҳудуди хушкӣ, обӣ ва ҳавоии он иборат аст. Худуди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа, дохили ҳавопаӣмоҳои Тоҷикистон, ки берун аз Тоҷикисгон қарор доранд, низ ҳудуди Тоҷикистон ҳисоб мсшаванд. Санадҳои мсъёрии ҳуқукӣ, чун қоида, ба ҳамаи шахсоне, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, паҳн мешаванд. Санадҳое низ мавҷуданд, ки ба гурӯҳҳои алоҳидаи шахсон бахшида шуда, вазъи ҳуқуқии онҳоро муқаррар менамоянд (марбут ба хизматчиёни ҳарбӣ, маъюбон, ҷавонон, нафақахӯрон ва мисли инҳо).
Аббос ибни Фирнос
Абулқосим Аббос ибни Фирнос — ихтироъкор, муҳандис, табиб, мусиқашинос, шоир ва донишманди маъруфи мусулмон, нахустин нафари дар фазо парвозкарда буд. Зиндагинома Ӯ дар Андалусия дар шаҳри Ронда соли 810 дар оилаи Бербер ба дунё омадааст. Ибни Фирнос шоир ва олими дарбори халифаҳои Қуртуба буда, таҳти ҳимояи халифаҳо Абдурраҳмони ва Муҳаммади қарор дошт. Ӯ илмҳои гуногунро фаро гирифта, бо номи "Ҳакиму-л-Андалус" машҳур шуд. Риёзиёт ва мусиқиро, ки он замон қисми илми риёзиёт ба шумор мерафт, аз худ карда буд. Барои таъмини эҳтиёҷоти мусиқӣ метроном (абзоре, ки вақтро бо зарбаҳои мунтазам муайян мекунад)-ро сохт, соати обиро ихтироъ кард. Ба технологияи аз рег тайёр кардани шиша машғул шуд, ки дар натиҷаи он Испания мустақилона ба истеҳсоли шиша шурӯъ ва аз мисриён, ки сирри истеҳсоли шишаро маҳфуз медоштанд, харидани онро қатъ кард. Ибни Фирнос хусусиятҳои шишаро омӯхта, пурбин (шишаи муҳаддаб)-ро ихтироъ кард. Ӯ дар хонаи худ планетарий ташкил кард, ки дар он тамсилаи механиконидашудаи Манзумаи офтобӣ бо абрҳои ҳаракаткунанда ва раъду барқ намоиш дода мешуд. Ибни Фирнос соли 852 қолиби чӯбин сохта, ба он порчаҳои матоъро баст ва аз манораи Масҷиди Бузурги Қуртуба парид. Қолаб ба чатр монанд буда, оҳиста фуруд омад ва озмоишгар андак осеб дид. Қолаби мазкур тимсоли парашюти муосир буд. Ибни Фирнос қолаби сохтаи худро такмил дода, бори дуввум соли 875 аз болои теппаи на он қадар баланди Ҷабалу-л-Арус парид. Ӯ дар фазо тақр. 10 дақ. парвоз карда, хеле баланд баромад, вале фурудоӣ бемуваффақият анҷом ёфта, Ибни Фирнос бо дастгоҳаш ба замин афтида, осеб дид. Ибни Фирнос ба хулосае омад, ки барои фурудоии бомуваффақият ба дастгоҳи мазкур дум илова кардан лозим аст. Ҳамин тариқ, Ибни Фирнос нахустин делтапланро ихтироъ кард. Леонардо да Винчи танҳо 500 сол пас аз Ибни Фирнос лоиҳаи делтапланро дар коғаз таҳия намуд. Бузургдошт Барои гиромидошти хотираи Аббос ибни Фирнос, имрӯз дар зодгоҳи олим шаҳри Ронда маркази астрономӣ ба номи Ибни Фирнос фаъол аст. Ба шарофати олим, фурудгоҳ дар шимоли Бағдод номгузорӣ шудааст ва дар роҳ ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод ҳайкали ӯ гузошта шудааст. Дар Либия бо тасвири Аббос ибни Фирнас маркаҳо чоп шудаанд. Дар Кордоба, Хосе Луис Манзанарес Ҳапон пули болои дарёи Гвадалкивирро сохтааст, ки дар маркази он ҳайкали ин олими шуҳратёр қомат афрохтааст. Соли 1976 як кратер дар моҳ ба номи Ибни Фирнос гузошта шуд.
Абаканово (ноҳияи Вологод, Вологда)
Абаканово — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Вологод, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.
Чарлз Грили Аббот
Медали Ҳенри Дрейпер Ҷоизаи Румфорд Чарлз Грили Аббот (вар. Чарлз Грили Эббот, майи соли 1872, Уилтон, Ню-Ҳэмпшир — 17 декабри соли 1973, Ривердейл, Мэриленд, ИМА) — астрофизики амрикоӣ, мутахассиси физикаи Офтоб ва омӯзишу истифодаи энергияи офтобӣ. Зиндагинома Хатмкардаи Донишкадаи технологии Массачусетс. Солҳои директори расадхонаи астрофизикии Смитсонов, котиби Донишкадаи Смитсонов буд 6. Аббот узви АИ миллии ШМА дар Вашингтон буд. Дар соҳаи радиатсияи Офтоб, физикаи Офтоб ва нурафкании ситораҳо тадқиқот бурдааст. Аббот қисми инфрасурхи спектри Офтобро таҳқиқ намуда, таърифи собитаи офтобиро додааст. Бо спектроболометр ва радиометри ихтироъкардааш тақсимоти энергияро дар спектри Офтоб таҳқиқ кардааст. Барои истифодаи энергияи гармии Офтоб асбобҳо сохтааст. Муаллифи китоби "Офтоб" аст, ки соли 1936 ба забони русӣ нашр шудааст. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои тӯлонӣ вобастагии байни тағйирёбии афканишоти Офтоб ва боду ҳаворо дар Замин муайян намудааст. Ба шарафи Аббот дар Моҳ яке аз танӯраҳо номгузорӣ шудааст (танӯраи Аббот).
Абай
Абай (Иброҳим) Қунанбоев Абай Құнанбайұлы июл (10 август) 1845 (1845-08-10), Жидебай, уезди Семипалатинск, Империяи Русия — 23 июн (6 июл)-и 1904, ҳамон ҷо) — шоир, нависанда, ходими ҷамъиятии қазоқ, асосгузори адабиёти хаттии қазоқ ва нахустин классики он. Зиндагинома Аз оилаи ашрофи сарватманди қазоқ. Дар оила ӯро "Абай" ном мебурданд, ки маънояш "ҳушёр", "зирак" мебошад. Маълумоти ибтидоиро дархонавода ва аз муаллимони хусусӣ гирифтааст. Дар тарбияи маънавии ӯ нақши модаркалонаш Зарра хеле калон буд. Абай аз ӯ шеърҳову достонҳои мардуми қазоқро омӯхт ва ҳазорҳо мисраъ азёд кард. Дар мадрасаи Имом Аҳмад Ризои Семипалатинск ва мактаби русӣ таҳсил кардааст. Абай дар Мадраса Қуръон, улуми динӣ, назми форс-тоҷик, туркироомӯхт, бо осори Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Низомии Ганҷавӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Алишери Навоӣ шинос шуд. Абай зулму тааддиеро, ки аз ҷониби феодалон ба сари мардуми қашшоку бенаво меомад, мушоҳида мекард ва чун шахси адолатхоҳ доимо дар кӯшиши ҳимояву дастгирии онҳо буд. Дар синни 28-солагӣ ба тариқи худомӯзӣниддан ба омӯзиши забони русӣ машғул шуд. Донистани забони русӣ барон шинос гардидани ӯ бо осори Гёте, Байрон, Дарвин ва дигарон мусоидат намуд. Эҷодиёт Эҷодиёти Абай чун шоир ва нависанда аз се.
Абдии Исфаҳонӣ
Мирабдуллоҳ Абдии Исфаҳонӣ (асри 16) — шоири форс-тоҷик. Зиндагинома Писари шоир Муҳаммадалии Табъии Исфаҳонӣ. Дар зодгоҳаш — Исфаҳон таҳсил намуда, илмҳои замонашро аз худ кард. Дар синни камолот ба хидмати дарбори Сафавиён дохил шуд. Шоири ғазалсаро буд. Инчунин ба қалами ӯ маснавии "Одам ва Парӣ" мансуб аст. Аз осораш намунаҳо ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд.
Аббособод, Мозандарон
Абособод — шаҳр ва маркази Шаҳристони Аббособод и устони Мозандарони воқеъ дар Эрон аст. Он дар соҳили баҳри Каспий ҷойгир аст. Дар барӯйхатгирии соли 2006, аҳолии он 11256 нафар, дар 3195 оила будааст.
Ҳакимбек Абдуалимзода
Ҳакимбек Абдуалимзода (Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим; ноҳияи Қумсангир, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент. Зиндагинома Дар ноҳияи Қумсангир ба дунё омдааст. Соли 2006 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси андоз ва андозбандӣ хатм намуд. 17 ноябри соли 2012 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Корнома Фаъолияти кориашро аз соли 2006 дар кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон оғоз намудааст. То соли 2011 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои дар вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва солҳои дар вазифаи декани факултети молия ва қарзи ҳамин донишгоҳ фаъолият намудааст. Солҳои муовини якум, Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд. Бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2022 ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъйин шудааст 1. Фаъолияти илмӣ Муаллифи беш аз 25 асарҳои илмию методӣ аст. Осор Ҳакимбек Сандалов. Амалиётҳои бонкӣ (китоби дарсӣ). — 2020.
Авторитарюм
АВТОРИТАРЮМ - аз калимаи франсавӣ - ҳокимият, таъсир - шакли идоракунй буда, маънои онро дорад, ки ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби элитаи идоракунандаи сиёсӣ новобаста аз иродаи қисми зиёди халқташкил карда мешавад. Ҳангоми идораи авторитарӣ ҳокимият ба як мақоми давлатӣ ё ин ки ба дасти як лидери сиёсӣ (президент, диктатор ва ғайра) мегузарад.
Абайкан (деҳа)
Абайкан — деҳаест дар Русия, ки дар ҳайати ноҳияи Мазановский, вилояти Амур медарояд.
Абулянбағӣ
Абулянбағӣ Аббос ибни Тархон — шоири форс - тоҷик. Зиндагинома Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, Абулянбағӣ аз ҷумлаи аввалин шоиронест, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ шеър гуфтааст. ӯ надими Бармакиён (хонадони қадими тоҷикон дар Балх) буда, бо забони арабӣ низ шеър эҷод мекардааст. Муаллифи китоби "ал-Масолик ва-л-мамолик" ибни Хурдодбеҳ, ки худ аз сайёҳони эронинажоди араб буд, аз ашъори форсӣ-тоҷикии Абулянбағӣ чор мисраи зеринро: овардааст, ки он қадимтарин шеъри тоҷикӣ буда, ба вазни ҳиҷоӣ суруда шудааст. Аз ашъори Абулянбағӣ ба ҷуз ҳамин чор мисраъ чизи дигаре дастрас нагардидааст.
Аминҳои биогенӣ
Аминҳои биогенӣ — гурӯҳи пайвастҳои органикии нитрогендор, ки дар организми одам, ҳайвонот, рустанӣ ва бактерияҳо бо роҳи декарбоксилонии аминокислотаҳо, яъне аз молекулаи онҳо ҷудо шудани гурӯҳи карбоксил — СООН ҳосил мешаванд. Дар организм аминоспиртҳое, ки дар таркибашон боқимондаи пирокатехин (1,2 — дигидроксибензол, катехол) мавҷуд аст (катехоламинҳо), аҳамияти калон доранд. Катехоламинҳо (дофамин, норадреналин, адреналин) дар организм дар натиҷаи мубодилаи моддаҳо ҳосил мешаванд. Баъзе моддаҳои фаъоли биологии табиӣ ва синтезӣ, ки чун дору истифода мегарданд, шабеҳи катехоламинҳо мебошанд (мас., эфедрин, мезатин). Бисёр аминҳои биогенӣ, мас., гистамин, серотонин, норадреналин, адреналин, тирамин ва ғ. ба раванди боздорӣ ва ангезиш, ки дар қишрҳои майна рух медиҳад, таъсир мерасонанд. Баъзе аминҳои биогенӣ дар рӯдаи ғафси одам ва ҳайвонот зери таъсири бактерияҳои фасодзо ҳосил мешаванд, ки барои организм заҳрноканд. Дар организм аминҳои биогенӣ бо унсурҳои биохимиявии ҳуҷайра пайваст мешаванд. Ба раванди мазкур кислотаҳои аденозинфосфат, нуклеинат ва карбогидратҳои калонмолекула (мас. гепарин) таъсири мусбат мерасонанд. Аминҳои биогенӣ дар ҳуҷайраҳо дар ҳолати пайваст дучор меоянд; онҳо фаъол нестанд ва зери таъсири ферменти аминоксидаза қарор намегиранд. Дар маҳсулоти майкашӣ аминҳои биогении гистамин, тирамин, путрессин, кадаверин, фенилэтаноламин мавҷуданд. Истеъмоли майҳое, ки аминҳои биогенӣ доранд, ба организми инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Аминҳои биогенӣ асосан аз майҳои гулгун ёфт шудаанд. Дар майҳои сафед миқдори онҳо аз 1 мгдм 3 ва дар баъзе навъҳои майҳои гулгун аз 30 мгдм 3 зиёд нест. Коркарди май бо сорбентҳо боиси кам гаштани аминҳои биогенӣ хоҳад шуд. Барои туршондани шираи ангур аз мояи соф истифода бурдан беҳтар аст, чунки он ба фаъолияти бактерияҳои туршонандаи шир, ки дар пайдоиши аминҳои биогенӣ мақоми асосӣ доранд, роҳ намедиҳад.
Абду Анналиев
Абду Анналиёвич Анналиев (20 феврали 1920, авули Курруклӣ, хозир Вилояти Ахал, Туркманистон — 2007, Туркманистон) — ходими давлатии туркман ва ҳизбии шӯравӣ, Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Туркманистон. Дар солҳои аъзои Бюрои ҲК Ҳизби Коммунистии Туркманистон. Номзад ба аъзогии КМ КПСС дар солхои. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Туркманистон даъватхои Депутати Шӯрои Олии СССР даъватхои.
Аббоси Давс (Дабс)
Аббоси Давс (Дабс) - номи гадое симиҷ ва шӯх аз қабилаи Давс (аз қабоили Яман ки ибни Аббос аз ҳамон қабила буд) ки ба латоифулҳиял гадоӣ мекард ва халқро механдонд. Дар "Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт"-и Авфӣ ва "Латоифуттавоиф"-и Фахруддин Алии Сафӣ қисаи гадоии ӯ омадааст. Никалсун ӯро шираи хурмо фурӯш дониста ва ба ин байти "Асрорнома" истишҳод кардааст: Рӯзгори зиндагии вай ба дурустӣ маълум нест ва ончи мусаллам аст пеш аз қарни панҷуми қамарӣ мезиста зеро дар шеъри шоирони форсизабон аз қарни шашум номи ӯ ба унвони омӯзгори ҳиллаҳои гадоӣ бо шуҳрати бисёр ҳамроҳ будааст. Шӯҳрати ӯ мӯҷиб шуда, ки самоҷат дар кори гадоиро "Аббосӣ" ва "Аббосӣ кардан" ва "Аббосӣ овардан" хондаанд. Қиссаҳои ӯ дар китобҳои адабӣ шуҳрати бисёр доранд. Усули куллии гадоии ӯ ин аст: суол кунӣ, ҳар ҷо ки бошад; бихоҳӣ, аз ҳар ки бошад; ва бигирӣ, ҳар чи бошад. Дар амсоли омиёна омадааст: "Ифодааш ба наввоб мемонад, гадоиаш ба Аббоси Давс".
Аббос ибни Шит
Аббос ибни Шит — малики дудмони Ғуриён, ҷонишин ва бародарзодаи Абуалӣ ибни Муҳаммад.
Антти Аарне
Антти Аматус Аарне — 5 феврали 1925, Ҳелсинки) — фолклоршиноси финландӣ. Зиндагинома Дар Донишгоҳи Санкт-Петербург таҳсил намудааст (1893 – 1898). Пас аз хатми таҳсил ба Ҳелсинки омад ва дар Донишгоҳи Хелсинкӣ ба кор шурӯъ кард. Яке аз намояндагони мактаби таърихӣ-ҷуғрофӣ дар фолклоршиносӣ. Усулҳои техникии методи муқоисавиро таҳия ва асоснок карда, намунаҳои истифодаи онро нисбат ба афсонаҳо, чистонҳо, сурудҳо пешниҳод намуд. Дар асоси системаи кори Аарне олими рус Н. П. Андреев ва афсонашиноси америкоӣ С. Томпсон феҳристи афсонаҳоро тартиб додаанд. Фолклоршиносони тоҷик Б. Тилавов, Ҷ. Рабиев, Р. Раҳмонӣ ва дигарон дар асарҳои худ ба методи Аарне такя намудаанд. Осор.
Абдуалим Ҳайдаров
Абдуалим Ҳайдаров — биохимик, номзади илмҳои биологӣ, дотсент, узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ. Зиндагинома Солҳои донишҷӯи шуъбаи химия ва биологияи факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, муалими кафедраи химияи органикии донишкадаи мазкур, афсари Артиши Шӯравӣ, мудири лабораторияи таълимии химиявии донишкадаи омӯзгории пойтахт, коромӯз-тадқиқотчии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, аспиранти мақсадноки Академияи илмҳои ИҶШС (ш. Москва), ходими илмии Академияи илмҳои ИҶШС, муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, мудири кафедраи номбурда, декани факултети химия, мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2006 ҳамчун мудири шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Хадамоти давлитии назорат дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Оид ба масъалаҳои омӯзиши таърихи биохимияи ватанӣ, ҷудокунӣ ва тадқиқи сафедаҳои таркиби наботот ва таҳияи усулҳои таълими химияи мактабӣ корҳои илмӣ бурдааст. Муаллифи 2 рисолаи илмӣ, 12 дастури таълимӣ ва зиёда аз 180 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналхақӣ (Тошкент, Москва, Сакт-Петербург, Киев, Рига) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии "Аълочии маорифи Тоҷикистон", ордени "Дӯстӣ", ифтихорномаҳои Комитети марказии комсомолии ҶШС Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз гардидааст. Осор.
Абдии Гунободӣ
Абдии Гунободӣ (? — 156264, Балх) — шоири форс-тоҷик. Зиндагинома Дар зодгоҳаш Гунободи Хуросон таҳсили мадраса кард ва сипас ба Ҳирот рафта, дар муҳити адабии он ҷо ба камол расид. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш "Музаккир-ул-аҳбоб" аз шавқу рағбати Абдии Гунободӣ ба омӯзиши илм ва шеъргӯӣ иттилоъ додааст. Мувофиқи иттилои ҳамин асар ва манбаъҳои дигар Абдии Гунободӣ дар сурудани ғазал ва маснавӣ маҳорати зиёде доштааст, вале маснавиҳояш то кунун дастрас нагаштаанд. Дар тазкираҳову баёзҳо аз ашъори Абдии Гунободӣ намунаҳо оварда шудаанд. Абдии Гунободӣ дар шеърҳояш аз вазъи замон шикоят кардааст, ишқу ошиқӣ, табиату зебоиҳои онро тараннум намудааст, андешаҳои андарзӣ иброз доштааст. Ба забони ӯзбекӣ низ шеър мегуфтааст.
Алифбои овонигории байналмилалӣ
Алифбои овонигории байналмилалӣ (АОБ,, кутаҳ.;, кутаҳ.) — як сомонаи навишторӣ ва овонигорӣ аст, ки бар пояи алифбои лотинӣ сохта шудааст. Ин сомона ба василаи Анҷумани овошиносии байналмилалӣ ба унвони як алифбои стандарт барои нишон додани садоҳои эҷодшуда дар забонҳои гуногун тарроҳӣ шудааст. Дар эҷоди ин сомона аз донишҷуён ва устодон бо забонҳои гуногун, забоншиносон, овозононон ва ҳунарпешагон, фарҳангнависон, забонфаросозон ва мутарҷимон кумак гирифта шудааст. Алифбои овонигории байналмилалӣ барои нишон додани ҳолатҳои баёнӣ, монанди ҳиҷо, оҳанги ҷумла, иттисоли вожаву ҳиҷоҳо, инчунин, ҳолатҳои нукизабонӣ, дандонсоида ва димоғӣ сухан гуфтан ва ғаайра истифода мешавад. Ҳар намоди ин алифбо ду унсур – ҳарф ва аломатҳои эъроб дорад. Барои ин алифбо соли 2005, 107 ҳарф, 52 эъроб ва 4 аломати лаҳн пазирута шуд. Ҳадафи АОБ эҷоди як аломату нишон барои ҳар овоз аст. Таърих Соли 1886 гурӯҳе аз мударрисони забони фаронсавӣ ва инглисӣ бо роҳбарии Поул Пессӣ дар соҳаи овошиносӣ ниҳоде ташкил доданд, ки соли 1896 бо номи Анҷумани овошиносии байналмилалӣ шинохта шуд. Мояи аслии ин алифбои ибдоӣ аз лотинӣ ва юнонӣ нашъат мегирад. Нахуст ин алифборо барои овонигориву овошиносии забонҳои фаронсавӣ ва инглисӣ ба кор бурданд. Ба тадриҷ корбурди он ба дигар забонҳо татбиқу густариш ёфт. АОБ дар солҳои 1900, 1930 ва 1986 дучори тағйиру изофот гардид. Ниҳоят соли 2005 бо иловаву изофоти густурда то ҳол собит мондааст. Ҳарфҳо Ҳамсадоҳо.
Абалак
Абалак — гиёҳест яксола, мансуби шураиҳо. Тавсифоти биологӣ Пояаш сершоху барг. Баргаш тасмашакли нугтез (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ хокистарранг метобад. Баргаш майда (дарозиаш 0,5 – 7 см; бараш 0,2 – 1 см), дурушт, дарозрӯя ё нештаршакл (баъзан риштамонанд). Гулаш майда, сабзтоб (бештар баҳорон мешукуфад). Мевааш сегӯша, ба меваи ҷағҷағ монанд аст; дуто хори борики тез ё чангакмонанд дорад. Паҳншавӣ Абалак асосан дар регзор, санглох, ҷойҳои сершибоғу шӯразори биёбон, канори роҳ, замини партов (мавзеъҳои воҳаи дарёи Сир, водии Вахш, Помири Ғарбӣ, қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон – 1800 м баландтар аз сатҳи баҳр) месабзад; абалакзор баъзан замини васеъро фаро мегирад. Абалак алафи бегонаи кишти ғалладона аст. Абалакро гӯсфанд, буз, асп ва шутур нағз мехӯрад 1. Хосияти шифоӣ Абалак гиёҳи шифоист. Табибони халқӣ ҷӯшоби баргашро барои нигоҳ доштани хуни бинӣ истифода мебаранд. Абалак хӯроки хуби чорвост. Онро баҳору тобистон аспу шутур ва моли майда нағз мехӯрад; гов намехӯрад. Абалак дар давраи мевабандиаш 2 – 9,5% протеин, 6 – 7% сафеда, 2% равған, 37 – 38% клетчатка ва 42 – 45% моддаҳои қиёмшавандаи бенитроген дорад.
Аб (дарё)
Аб — номи дарёе аст, ки дар давлати Сербия равон аст.
Аббоси Афсаҳзод
Аббоси Аълохон Афсаҳзод — олим рӯзноманигор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Зиндагинома Аббоси Афсаҳзод 05.05.1964 дар ш.Душанбе, дар оилаи зиёӣ, олим, адабиётшинос-шарқшинос Аълохон Афсаҳзод ба дунё омадааст. Афсаҳзод А.А. хатмкардаи шуъбаи арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Афсаҳзод А.А. аз соли 2004 дотсенти кафедра ва солҳои 2008-2010 мудириятро бар дӯш дошта, солҳои 2010-2011 ба сифати Директори маркази фарҳанг ва забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии лингвистии шаҳри Маскав ифои вазифа намуд. Ҳамзамон, дар баробари таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ, Афсаҳзод А.А. маҳорати касбии худро сайқал дода, бевосита бо рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ҳамкорӣ менамояд. Ӯ узви рӯзноманигорони пайвастаи Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, сармуҳаррири рӯзномаи "Ҳаёти солим" буд. Афсаҳзод А.А. аз соли 1991 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аст. Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва форсӣ озодона сӯҳбат мекунад ва менависад. Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст. Осор Афсаҳзод А. ба кори илмӣ низ мароқи калон зоҳир намуда, муаллифи се монография, китобу дастурҳои таълимӣ, луғатҳо, беш аз 150 мақолаи илмӣ ва илмиву оммавӣ, муҳаррир, муҳаррири масъул ва мураттиби чандин асарҳои адабӣ ва илмиву методӣ мебошад, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он нашр гардидаанд. Мақолаҳои илмӣ ва публисистии ӯ беш аз 100 аст. Адабиёт доир ба Аббоси Афсаҳзод.
Аббоси II
Аббоси — 1667) — шоҳи Эрон аз майи соли 1642, ҳафтумин подшоҳи Сафавиён.
Аббос Ҳилмии II
Аббос Ҳилмии (14 июл 1874 1 2 3, Искандария — 19 декабр 1944 3, Женева) — хидиви Миср.
Абанино (ноҳияи Грязоветс, Вологда)
Абанино — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Грязоветс, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.
Аббос Мирзо
Аббос Мирзо Ноибуссалтана (августи октябри соли 1833) — арбоби давлатии Эрон, писари Фатҳалишоҳи Қоҷор, аз 1816 — вориси тахт. Зиндагинома Ҳанӯз дар давраи ҳукмронии падар фармонфармои Озарбойҷони Эрон буд ва усулан идораи тамоми Эронро дар ихтиёр дошт. 5 Бо мадади коршиносони англису франсуз ба усули аврупоӣ дар қӯшунҳои Эрон ислоҳот ворид намуд; дар Табрез истеҳсоли силоҳ ва муҳимот ба роҳ монда шуд; тарҷумаи адабиёти низомии Ғарб ба форсӣ шурӯъ гардид. Барои ғалаба бар таассуботи ҳамватанонаш ин шоҳзода либоси низомииаврупоӣ мепӯшид ва дар тамринҳои ҳаррӯза ширкат мекард. Дар давраи ҷангҳои русу форс Аббос Мирзо фармондеҳи кулл буд. Аббос Мирзо марди ислоҳталаб, шуҷоъ, равшанфикр, худхоҳ ва мустабид буд. Фарзандон Адабиёт.
Александр Пушкин
Александр Сергеевич Пушкин и қадим буда, модараш набераи писари князи Ҳабашистон, ходими ҳарбии давраи ҳокимияти Пётр Ганнибал Гиброхим. Айёми ҷавонӣ Аввалин қувваозмоиҳои Пушкин дар шеър ба солҳои бачагии ӯ рост меоянд. Солҳои таҳсил дар литсеи Царское Село дар шоирӣ шӯхрат ёфт. Барои муҳассилини литсеи Царское Село, ки Пушкин соли 1811 ба он дохил шудааст, интишори ғояҳои озодихоҳй хос буд. Ба равнақи афкори инқилобӣ ва ватандӯстӣ Ҷанги ватании соли 1812 низ мусоидат кард ва дар нахустин шеърҳои Пушкин таъсири муфиде гузошт ("Хотираҳо дар бораи Царское Село",; "Шаҳрча", "Гул",; "Хоб", "Орзу", "Ба дӯстом", ва диг.). Пушкин бо ҷамоаи адабии И. М. Карамзин ва сонитар бо П. Я. Чаадаев робита пайдо кард. Дар ашъори ин давра тасвири зиндагии туфонии шоири ҷавон ва ҷомеаи Петербург мавқеи калон дорад. Руҳи озодидустӣ ва лиризми нарм, омезиши анъана ва навпардозиҳои далеронаи рамантикӣ ба ашъори Пушкин "Ба Чаадаев", "Ба Жуковский",; "Таҷаддуд", ҳусни нав бахшидааст. Нашъунамои эҷодиёт Пушкин дар ин солҳо ба достонсароӣ рӯ оварда, тадриҷан ба кашфиётҳои нодир расидааст, ки зимни таъсири сюжет ва мазмунҳои барои адабиёти рус нав дар сабки нотакроре сурат гирифтаанд. Аввалин достони шоир "Руслан ва Людмила" шавқи амалиёти озодандешӣ ва озодфикрии ӯро афзуда, ба силсилаи достонҳои ҷанубӣ, шеърҳои романтикии ӯ ибтидо гузоштанд (шеъри "Ханҷар", 1821; достонҳои "Бандии Кавказ", 1821; "Бародарони ғоратгар", 1828, "Фавораи Бохчасарой", 1823). Таълифи романи манзуми "Евгений Онегин" низ ҳамон ҷо шурӯъ шудааст. Сафари Кавказу Қрим ва таълифи силсилаи достонҳои ҷанубии Пушкин бо марҳилаи байронпарастӣ ва омузиши ӯ аз таҷрибаи романтизми инқилобии Европа мувофиқ меояд. Ин аст, ки дар достонҳо ва ашъори ин давра назари амиқи Пушкин ба фалсафаи озодӣ, ба исёни ишқ ва шахсияти озодипараст мушоҳида мешавад. Дар достони дигари Пушкин "Лулиҳо", ки онро қуллан олии кашфиётҳои романтикии Пушкин метавон намид, шахсият, ҷамъият ва иллатҳои он ба дараҷаи баланди тасвир расидаанд. Тадқиқи бадеии масъалаҳои инсон ва олами ҳастӣ, зиддиятҳои иҷтимоии давр ва табақаҳои гуногуни одамон дар олами феодалии крепостноӣ аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти Пушкин қарор мегиранд. Ҳамчунин нигаред.
Абдагаси I
Абдагас, Абдагаси, бародарзодаи Гундуфар.
Аббос Киёрустамӣ
126416244? 126416281? Аббос Киёрустамӣ (22 июн, 1940 — 4 июл, 2016) коргардоне эронӣ буд ки эътибори ҷаҳонӣ дорад. Аз соли 1970 то кунун, Киёрустамӣ дар сохтани беш аз 40 филм нақш доштааст ки шомили теъдоди зиёде филми кӯтоҳ ва филми мустанад аст. Аз машҳуртарин корҳои Киёрустамӣ метавон ба сегонаи Коклер, Таъми Гелос ва Бод Моро Хоҳад Бурд ишора кард. Киёрустамӣ даст б корҳои бисёре задааст, монанди филмноманависӣ, тадвин, коргардонӣ, сохти филм, тарроҳии унвонҳои ифтихорӣ ва корҳои таблиғотӣ. Ғайр аз филмсозӣ, Киёрустамӣ ба шеър, аккосӣ, наққошӣ, тасвирбардорӣ ва график ҳам мепардозад. Ӯ чандин бор довари ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ будааст. Киёрустамӣ яке аз коргардонҳои мавҷи нави Эрон аст. Мавҷи нави синамои Эрон дар даҳаи 1960 оғоз шуд ва коргардонҳое монанди Фуруғ Фаррухзод, Суҳроб Шаҳид-Солис, Баҳром Байзоӣ ва Парвиз Кимиёвӣ ба он пайвастанд. Бисёре аз ин коргардонон филмҳои шоирона ва аксаран бо мавзӯъҳои сиёсӣ ва фалсафӣ месохтанд. Филмҳо.
Фарҳод Аббос
Фарҳод Аббос — яке аз пешвоёни мубориза барои истиқлоли Алҷазоир; пойбанди ақидаҳои мӯътадили миллатгароӣ буд. Зиндагинома Фарҳод Аббос 24 августи 1899 дар шаҳраки Таҳер дар наздикии шаҳри Константини мустамликаи фаронсавии Алҷазоир дар оилаи деҳқони серфарзанд таваллуд шудааст. Вай яке аз 12 фарзанди Саид бин Аҳмад Аббос ва Магим бин Алӣ буд. Ин оила аз Қабилияи Хурд омадааст, аммо ҳанӯз дар соли 1871, пас аз саркӯбии исёни Муҳаммад эл-Мукранӣ, онҳо ба соҳил гурехтанд ва фелахҳо шуданд. Солм 1909 Аббосро барои таҳсил ба мактаб фиристоданд ва дар синни 14-солагӣ, ҳамчун хонандаи хуб, ӯро барои таҳсил ба Филиппвил (ҳоло Скикда) фиристоданд. Аз соли 1921 то 1924, Аббос дар артиш хидмат мекард ва мақолаҳояшро бо тахаллуси Комил Абенсеҷар дар рӯзномаҳои гуногун нашр мекард. Соли 1924 ба Донишгоҳи Алҷазоир дохил шуд. Оғози карераи сиёсӣ Дар Донишгоҳи Алҷазоир Фарҳод Аббос ҳамчун дорусоз таҳсил кардааст. Ҳамзамон, ӯ дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ фаъолона ширкат варзид — дар соли 1924 яке аз муассисони Ассотсиатсияи донишҷӯёни мусулмони Африқои Шимолӣ дар Париж гардид. Соли 1926 ӯ ноиби президент ва соли 1927 президенти Ассотсиатсия шуд. Дар соли 1931, Аббос аз вазифаи президенти Ассотсиатсияи донишҷӯёни мусулмон истеъфо дод. Дар худи ҳамон соли 1931 ӯ китоби Алҷазоири ҷавон-ро навишт, ки дар он ӯ мақолаҳои худро аз солҳои 20-ум чоп карда, нуқтаи назари худро дар бораи ояндаи Алҷазоир баён кардааст. Фарҳод Аббос дар бораи Алҷазоир ва арабҳои Алҷазоир навиштааст: - " Мо дар хонаем. Мо ба ҷои дигар рафта наметавонем. Ин замин ниёгони моро сер кард, ин замин фарзандони моро сер хоҳад кард. Новобаста аз он ки мо озод ҳастем ё ғулом, вай аз они мо ва мо аз они вай ҳастем ва намегузорад, ки мо ҳалок шавем. Алҷазоир бе мо зиндагӣ карда наметавонад. Мо бе ӯ зиндагӣ карда наметавонем. Онҳое, ки орзу доранд, ки ояндаи мо ояндаи сиёҳпӯстони Амрико хоҳад буд, хато мекунанд. Соли 1933 Фарҳод Аббос дар ташкили Иттифоқи халқии Алҷазоир ширкат варзид. Пас аз хатми ҳамон сол, Аббос ба сифати дорусози сертификатдор дар дорухонаи ба кор шурӯъ кард. Вай як чеҳраи маъруф шуд — дар соли 1934 ӯ мушовири умумӣ ва дар соли 1935 — узви шӯрои мунисипалии Сетиф интихоб шуд. Аббос ба Федератсияи Константин интихобшудаи мусалмонон пайваст ва аз соли 1933 ба ҳайси рӯзноманигор дар ҳафтаномаи - (Созишномаи Франко - Мусалмонон) кор мекард, ки онро одатан Созишнома меномиданд. Дар соли 1937 доктор Бенҷеллул, раҳбари Федератсияи Мусалмонони интихобшуда, Аббосро сармуҳаррири рӯзнома таъйин кард. Вай нашрияро ба минбар табдил дод, ақидаҳои худро бо мақолаҳои радикалӣ таблиғ кард, ба низоми муҳандис ва дигар фармонҳои мустамликавӣ шадидан мухолифат кард. Дар соли 1938 Аббос ҳизби Иттиҳоди халқии Алҷазоирро таъсис ва роҳбарӣ кард, ки ҷонибдори додани ҳуқуқи баробари алҷазоириҳо бо шаҳрвандони Фаронса буд. ИХА дар якҷоягӣ бо Федератсияи интихобҳои маҳаллӣ, ки ба он ҳамроҳ шуданд, сухангӯи асосии табъи доираҳои либералии Алҷазоир гаштанд ва шуҳрати калон пайдо карданд. Дар моҳи сентябри 1939, вақте ки Фаронса ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ворид шуд, Аббос ҳизби худро пароканда кард ва довталабона дар сафи артиши Фаронса хидмат кард. Дар соли 1940, Фаронса мағлуб шуд ва ӯ аз артиш бароварда шуд. Мубориза барои мухторияти Алҷазоир То соли 1942, Аббос пешвои шинохташуда дар мубориза барои тавонмандсозии мардуми Алҷазоир буд. Вақте ки моҳи ноябри ҳамон сол нерӯҳои англису амрикоӣ Алҷазоирро забт карданд ва генерал де Голл дар Фаронса довталаби ҳокимият шуд, роҳбарони Алҷазоир инро имкони ноил шудан ба талабҳои худ донистанд. 20 декабр ва 22 декабри 1942, Аббос, М.Бен Ҷалил ва дигарон ба мақомоти нави Фаронса ҳуҷҷатҳоеро фиристоданд, ки дар онҳо барномаи онҳо - Паёми намояндагони мусулмонон ифода ёфтааст. 31 марти 1943, Аббос ва тарафдорони ӯ Манифести халқи Алҷазоир -ро паҳн мекунанд, ки дар он онҳо идеяҳои ислоҳоти зидди мустамликаро дар Алҷазоир дубора таҳия мекунанд. 26 майи 1943 Аббос ва ҳамсафарони ӯ шахсан ба губернатори фаронсавӣ Жорж Катре шахсан Лоиҳаи ислоҳот - изҳороти муфассали тағироти зарурӣ дар Алҷазоирро тақдим мекунанд. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки ба худмуайянкунии Алҷазоир иҷозат дода шавад, ҳамаи маҳбусони сиёсӣ озод карда шаванд, кафолатҳои озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дода шаванд ва пас аз ҷанг интихобот ба Маҷлиси Муассисон гузаронида шавад, ки он бояд барои Алҷазоири Автономӣ Конститутсия таҳия кунад. Ҳамзамон, Аббос ҷонибдори иттифоқ ва федератсия бо Фаронса, қонунияти комили воситаҳои сиёсии расидан ба ҳадафҳо ва садоқаташон ба метрополия мебошад. Ҳамаи ин пешниҳодҳо рад карда шуданд. 7 марти 1944 Кумитаи озодии миллии Фаронса (КОМФ) фармоне содир кард, ки ба намояндагони элитаи Алҷазоир, ки дар назди Франсия хидмат кардаанд, ҳуқуқи шаҳрвандии Фаронсаро ва тамоми аҳолии Алҷазоирро — ҳуқуқи интихоби 40% -и маҷлисҳои шаҳрӣ ва умумӣ додааст. Баъзе пешвоёни мубориза барои автономия худро ба вазъияти нав истеъфо доданд, аммо Аббос муборизаро идома дод. Як ҳафта пас аз фармони КОМФ, 14 марти 1944, вай иттиҳодияи Дӯстони Манифест ва Озодиро таъсис дод, ки ба он уламо бо роҳбарии Шайх Башир ал-Иброҳимӣ ва Ҳизби Халқии Алҷазоир бо роҳбарии Аҳмад Мессалӣ ал-Ҳаҷ ҳамроҳ шуданд. Аз 15 сентябри 1944, Аббос инчунин ҳафтаномаи Эгалит (Баробарӣ)-ро бо зери сарлавҳа Баробарии одамон — Баробарии нажодҳо — Баробарии миллатҳо нашр кард. Ассотсиатсия талаб кард, ки федератсияи Алҷазоири автономӣ бо Фаронсаи навсозишуда ва зидди мустамликадорӣ таъсис дода шавад. Вай дастгирии васеъ гирифт (то 600,000 тарафдорони фаъол), аммо дар дохили ассотсиатсия ҷудоихоҳӣ ба амал омад — тақвияти ҷиноҳи радикалии ҷавонон дар Ҳизби Халқии Алҷазоир боиси пайдоиши шиорҳои зидди Фаронса гардид, ки Аббос ба он эътироз кард. Дар моҳи марти 1945, роҳбарияти Дӯстони Манифест ва Озодӣ аллакай масъалаи истиқлоли Алҷазоирро муҳокима карда, масъалаи автономияро тарк кард. 15 майи 1945, мақомоти Фаронса иттиҳодияи Дӯстони Манифест ва Озодиро пароканда карда, онро дар ташкили исёни Алҷазоир айбдор карданд. Аббос ва дигар пешвоён боздошт шуданд. Бӯҳрони муборизаи ҳуқуқӣ Дар моҳи марти 1946, Ферҳат Аббос, ки аз зиндон раҳо шуда буд, Иттиҳоди Демократии Манифести Алҷазоир (ИДМА)-ро таъсис дод ва боз пешвои мубориза барои автономия гардид. Аллакай дар моҳи июн, ИДМА аз 13 курсии барои Алҷазоир ҷудошуда дар интихоботи Маҷлиси муассисони Фаронса 11-тоашро ба даст овард. Аббос, ки вай низ аз Сетиф вакили мардумӣ шудааст, борҳо дар Маҷлиси мухторияти Алҷазоир баромад карда, 9 августи 1946 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Автономии Алҷазоирро ба муҳокима пешниҳод кард. Лоиҳа иваз кардани режими мустамликадориро дар Алҷазоир бо автономияи дохилӣ дар бар мегирифт ва онро Маҷлиси муассисон рад кард. Моҳи ноябри соли 1946 маҷлис кори худро қатъ кард ва Аббос узви Ассамблеяи Иттиҳоди Фаронса гашт. Радди вакилони парлумони Фаронса аз қабули конститутсияи Алҷазоири автономӣ мавҷи ноумедиро дар ҷомеаи Алҷазоир ба бор овард. Хуруҷи оммавии ҷавонон аз Иттифоқи Демократии Манифести Алҷазоир оғоз ёфт ва шумораи он аз 7000 фаъол то ба 3000 кам шуд. Дар ҳоле ки Аббос ҳимояти инқилоб бо қонун -ро идома медод, раҳбарии сиёсӣ ба Ҳаракат барои тантанаи озодиҳои демократӣ -и Мессалӣ Ҳаҷ гузашт. Рост ба роҳи қонунии худмухторӣ, Аббос моҳи апрели соли 1948 ба Маҷлиси Алҷазоир интихоб шуда, ИДМА-и тунуккунандаро ба ҳизб табдил дод. Худи ҳамон сол, ӯ ҳафтаномаи худро Эгалит (Баробарӣ)-ро ба (Ҷумҳурии Алҷазоир) иваз кард. Дар соли 1951 Иттиҳоди Демократии Манифести Алҷазоир ба Фронти Алҷазоир барои ҳимоя ва эҳтироми озодӣ дохил шуд. Дар соли 1952, Аббос дабири кулли ИДМА шуд ва моҳи январи соли 1954 дубора ба Маҷлиси Алҷазоир интихоб шуд. Оғози ҷанг барои истиқлоли Алҷазоир Фарҳод Аббосро дар назди интихоби мустақим байни пайвастан ба муборизаи мусаллаҳона ва ҳамкорӣ бо Фаронса гузошт. Бо вуҷуди ин, чанд муддат ӯ ба ҳалли осоишта умедвор буд. То тобистони соли 1955, ӯ роҳҳои муколама бо Фаронсаро меҷӯст (гарчанде ки пешниҳодҳо буданд, ки тамосҳои аввалини Аббос бо шӯришиён дар моҳҳои апрел-май сурат гирифтааст). Дар соли 1955 вай ва ҷонибдоронаш дар гурӯҳи Алҷазоир гурӯҳи 61 -ро ташкил карданд, ки он нақшаи ҳамгироии Алҷазоир -ро, ки генерал-губернатори фаронсавӣ Жак Сустел пешниҳод карда буд, рад кард. Дар моҳи октябри ҳамон сол Аббос бо Ҷабҳаи Миллии Озодшавӣ робитаҳои махфӣ барқарор кард. Танҳо моҳи январи соли 1956 вай аз номи ҳизби худ изҳор дошт, ки ҶМО-ро дастгирӣ мекунад. 9 феврали 1956, Роберт Лакосте вазири доимии Алҷазоир шуд, ки вазифааш саркӯб кардани исён ва несту нобуд кардани ҶМО буд. Пас аз якуним моҳ Аббос аз ҳамкорӣ бо Фаронса даст кашид ва ба Фронти Миллии Озодкунӣ пайваст. Сардори Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоир 25 апрели соли 1956, дар як нишасти матбуотӣ дар Қоҳира, Аббос эълон кард, ки ба муборизаи мусаллаҳонаи Фронти Миллии Озодкунӣ ҳамроҳ мешавад. Иттифоқи Демократии Манифести Алҷазоир пароканда шуд ва ба сафи ҶМО пайваст. 20 августи 1956, дар Конгресси Суммам ҶМО, Аббос узви Шӯрои Миллии Инқилоби Алҷазоир интихоб карда шуд. Дар моҳи августи соли 1957, Аббос узви кумитаҳои иҷроия ва ҳамоҳангсозии Шӯрои миллии инқилоби Алҷазоир интихоб шуд. Вай дар корҳои дипломатӣ оид ба эътирофи муборизаи ҶМО фаъолона ширкат варзид, узви ҳайати ҶМО дар иҷлосияи 12-уми Ассамблеяи Генералии СММ оид ба мушкилоти Алҷазоир буд. Дар моҳи июни соли 1958, ӯ ба ҳайати ҶМО дар мулоқоти кишварҳои Африқои Шимолӣ дар Тунис роҳбарӣ кард. Дар конфронсҳои намояндагони ҶМО ва ҳукуматҳои Марокаш ва Тунис дар Тунис ва Танжер (Марокаш) тасмим гирифта шуд, ки дар ғурбат ҳукумати муваққатии Алҷазоир таъсис дода шавад. Фарҳод Аббос мебоист ҳукуматро сарварӣ мекард. 19 сентябри 1958 Аббос аввалин раиси Шӯрои вазирони ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоир (ҲМҶА) буд, ки марказаш дар Қоҳира воқеъ буд. Худи хамон рӯз дар Қоҳира Ҷумҳурии мустақили Алҷазоир ботантана эълон карда шуд. Ҳукумат наметавонист кишварро идора кунад ва маҷбур буд, ки истиқлоли Алҷазоирро эътироф кунад. Танҳо муовини сарвазир ва вазири нерӯҳои мусаллаҳ Крим Белкасем ба вазъи Алҷазоир бештар таъсир расонданд. 26 сентябри 1958 Аббос вазифаҳои асосии ҳукуматро шарҳ дода, омодагии худро барои оғози муколама бо Фаронса иброз дошт. Ферҳат Аббос 26 сентябри 1958 эълом дошт, ки ҳукумати ӯ роҳбарӣ кардани халқи Алҷазоир ва артиши онро дар мубориза барои озодии миллӣ вазифаи аввалин ва муқаддастарини худ медонад. 2 октябр ба даъвати Аббос ба муколама сарвазири Фаронса генерал Шарл де Голл посух дод. Вай дар шаҳри Константини Алҷазоир суханронӣ намуда, нақшаи худро барои рафъи бӯҳрон пешниҳод кард, ки он ба Алҷазоир додани замин, баробар кардани ҳуқуқи онҳо бо шаҳрвандони Фаронса, чораҳои бартараф кардани бекорӣ ва рушди саноат буд. Баъдтар ӯ розӣ шуд, ки шахсан як ҳайати ҶМО-ро барои гуфтушунид дар бораи оташбас мизбон кунад. Пас аз ду рӯз, 25 октябри 1958, Ферҳат Аббос пешниҳоди фиристодани ҳайатро рад кард ва онро талаби таслимшавӣ номид ва пешниҳод кард, ки дар як кишвари бетараф гуфтушунид кунад. Нақшаи Константин, ки де Голл ба миён гузоштааст, низ ба ҶМО мувофиқат намекард. Муколамае, ки Аббос саъй мекард, сурат нагирифт ва дар соли 1959 Артиши Миллии Озодкунӣ майдони ҷангро васеъ кард. Фаронса артиши 600,000 зидди ҶМО партофт ва аз амалиёти дар Кабилиаи Бузург, ки дар давоми он беш аз як миллион арабҳо дар лагерҳои махсуси ҷойгир шуданд анҷом дода мешавад. Аммо, дигар ҳеч гуна суҳбат дар бораи нобудсозии комили ҶМО набуд. 16 сентябри 1959 де Голл пас аз раъйпурсӣ, вале на дертар аз 4 сол пас аз истиқрори сулҳ ҳуқуқи Алҷазоирро ба худмуайянкунӣ эътироф кард. Вай ба гуфтушунид бо ҶМО розӣ шуд, аммо танҳо масъалаи бас кардани оташро баррасӣ кунад. Де Голл се роҳи ҳалли сарнавишти Алҷазоирро пешниҳод кард — истиқлол, мухторият ва пурра ҳамроҳшавӣ бо Фаронса. Вақте ки Ферҳат Аббос розӣ шуд, то музокирот дар бораи оташбасро оғоз кунад, де Голл ба иштироки ҶМО дар муҳокимаи шартҳои раъйпурсии оянда розӣ шуд. 12 декабр ҲМҶА намояндагони худро барои музокирот таъйин кард, аммо онҳо дубора баргузор нашуданд. Моҳи декабр дар Триполи маҷлиси Шӯрои Миллии Инқилоби Алҷазоир кушода шуд, ки дар он қарор дода шуд, ки қудрати ҷангии Фронтро тақвият диҳад ва бо роҳи низомӣ истиқлол ба даст орад. Танҳо 14 июни 1960 де Голл бори дигар пешниҳод кард, ки намояндагони Ҳукумати муваққатиро барои музокирот фиристанд. июни 1960 барои бори аввал дар Моулин дар наздикии Париж гуфтушунидҳои Фаронса ва Алҷазоир баргузор шуданд. Аммо, онҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд. Фарҳод Аббос Фаронсаро дар халалдор кардани музокирот айбдор кард ва пешниҳод кард, ки дар Алҷазоир таҳти сарпарастии СММ раъйпурсӣ баргузор шавад. Дар тирамоҳ, ӯ ба СССР ташриф овард ва дар он ҷо аз дастгирии роҳбарияти Шӯравӣ бо сардории Хрушёв 7 сентябри 1960 Иттиҳоди Шӯравӣ амалан Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоирро эътироф кард. Камтар аз як моҳ пас, 4 ноябри 1960, генерал де Голл гузаштҳо кард ва эълом дошт, ки тибқи нақшаи нави худ, Алҷазоир ҳукумати худ, муассисаҳо ва қонунҳои худро хоҳад дошт, аммо ҳуқуқҳои маҳдуд дар соҳаи иқтисод, маориф ва мудофиа хоҳанд буд. Де Голл аз баровардани артиши Фаронса аз Алҷазоир саркашӣ кард. Ин гузаштҳо ба роҳбарияти Алҷазоир мувофиқ набуданд. Дар аввали соли 1961 тамосҳои тарафҳо танҳо бо вохӯриҳои махфӣ дар Италия ва Швейтсария байни намояндагони Фаронса ва ҶМО маҳдуд буданд. Рӯзи 15 март эълом шуд, ки де Голл барои музокироти мустақим бо ҶМР ва ҲМҶА розӣ шудааст, аммо пас аз ду ҳафта гуфтушунид бо изҳороти беандешонаи вазири корҳои Алҷазоир Луи Ҷокс барбод рафт. Дар тобистон, Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоир ва Фаронса ҳанӯз ҳам тавонистанд ду даври музокироти мустақимро — 20 май – 13 июни 1961 дар Эвиан дар наздикии марз бо Швейтсария ва 20 - 28 июн дар қалъаи Лугран дар наздикии кӯли Женева баргузор кунанд. Аммо, музокирот танҳо ба наздикшавии мавқеъҳо оварда расонд. Фарҳод Аббос натавонист худи раванди гуфтушунидро ба итмом расонад. 27 августи 1961, дар ҷаласаи Шӯрои Миллии Инқилоби Алҷазоир дар Триполи (Либия), Фарҳод Аббос ба ҳайси раҳбаре омода буд, ки ба Фаронса гузашт кунад. Ба ҷои ӯ Юсуф Бен Хедда таъйин карда шуд. Ду рӯз дар сари Алҷазоир Дар давоми бӯҳрони тобистонаи 1962 дар байни ҲМҶА Бен Ҳедда ва Бюрои сиёсии ҶМО бо роҳбарии Бен Белла, Фарҳод Аббос 16 июли 1962 Бен Белларо дастгирӣ кард. 20 сентябри 1962 Аббос бо 155 овоз бо 36 бюллетени холӣ Раиси Маҷлиси Муассисони Алҷазоир интихоб шуд. 25 сентябри 1962 Фарҳод Аббос Ҷумҳурии мустақили Халқии Демократии Алҷазоирро эълон кард ва то интихоботи президенти ҷумҳурӣ сарвари муваққати давлат шуд. Дар давоми ду рӯз ӯ аввалин сардори давлати Алҷазоири мустақил буд. 27 сентябр Аҳмад Бен Белла Президент интихоб шуд, ки салоҳиятҳо ба ӯ дода шуданд. Дар Алҷазоири мустақил. 22 соли мухолифат Пас аз эълони истиқлоли Алҷазоир Ферҳат Аббос 25 сентябри соли 1962 Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир интихоб шуд. Вай ҳамчунон ҷонибдори рушди демократияи бисёрҳизбии парлумонӣ буд, аммо наметавонист бо авторитаристони сарвазир Аҳмад Бен Белла муқовимат кунад. 14 августи 1963, Фарҳод Аббос ба таври намоишӣ истеъфо дод ва бо лоиҳаи Қонуни Асосии пешниҳодкардаи роҳбарияти ҶМО, ки ҷорӣ намудани низоми якҳизбиро дар назар дошт, изҳори норозигӣ кард. Вай аз ҶМО хориҷ карда шуда, дар моҳи июли соли 1964 дар ҳабси хонагӣ қарор гирифт ва сипас ба зиндони шаҳри Адрари биёбони Саҳро фиристода шуд. Фарҳод Аббос моҳи майи соли 1965 озод карда шуд. Аммо пас аз табаддулоти 19 июни соли 1965, Аббос пешниҳодҳои низомии ҳамкориро рад кард ва ба фаъолияти фаъоли сиёсӣ барнагашт. Вай дар мухоли режими артиш ва ҶМО боқӣ монд ва моҳи марти соли 1976 якҷоя бо Юсуф Бен Хедда ва дигар сиёсатмадорони оппозисиюн манифесте Муроҷиат ба мардуми Алҷазоир -ро паҳн кард. Дар он Фарҳод Аббос сиёсати Шӯрои инқилобӣ ва Хартияи миллиро танқид карда, Ҳуари Бумедӣенро дар ташкили режими ҳокимияти шахсӣ айбдор кард. Барои ин вай ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Аббос 13 июни 1978 озод карда шуд. Соли 1980 ӯ ёддошти худро бо номи Кушодани ҷанг (") ва соли 1984 — китоби Истиқлолият мусодира карда шуд (") нашр кард, ки дар он ӯ фасод ва бюрократияи онсолҳоро танқид мекард. Бо вуҷуди ин, президенти нави Алҷазоир Шадли Бенҷидид 30 октябри 1984, дар як вилла дар маҳаллаи Ҳусейн Дей, ба Фарҳод Аббос медали узви муқовиматро супурд. Фарҳод Аббос 24 декабри 1985 дар шаҳри Алҷазоир даргузашт. Вай дар Майдони Шаҳидон дар қабристони пойтахтии Эл-Алия дафн карда шуд. Адабиёт.
Аббос Ҳилмии I
Аббос Ҳилмии (10 ноябр 1813, Ҷидда, минтақаи Макка — 13 июл 1854 1,) — волии Миср.
Абаканово (ноҳияи Кадуй, Вологда)
Абаканово — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Кадуй, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.
Ховар (хабаргузорӣ)
"Ховар" (Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар", кутаҳ. АМИТ "Ховар") — хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон. Таърих АМИТ "Ховар" — Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" агентии марказии давлатии иттилоотии мамлакат мебошад. Он баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад. Агентӣ дар шаҳри Душанбе соли 1925 ҳамчун Агентии телеграфии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар таркиби ТАСС ба фаъолият шурӯъ намуд. ТоҷикТА 10 апрели соли 1992 баъди мустақилияти давлатии ҷумҳурӣ ба Агентии миллии иттилоотии назди Ҳукумати Тоҷикистон табдил дода шуд. Он баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад. АМИТ "Ховар" имрӯз агентии ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Кормандони агентӣ хабарҳоро бевосита аз манбаъҳои асосии онҳо ба даст оварда, ба воситаи каналҳои расмӣ фавран пахш мекунанд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои вобаста ба фаъолияти Президент, Парламент ва Ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолияти тамоми дастгоҳи давлатӣ тавассути агентӣ пахш карда мешаванд. Агентӣ пахшкунандаи боэътимоди ахбороти таъҷилӣ ва эътимодбахш дар бораи рӯйдодҳои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Хабарҳои агентии миллии иттилоотии "Ховар" -ро на танҳо рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизион ва радио, балки инчунин хонандагони сайтҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, соҳибкорону тоҷирон, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва одамони алоҳида чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷи он истифода мебаранд. Мавзӯъҳои Оҷонсии иттилоотӣ — шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳаёти иҷтимои ва фарҳангии мамлакат мебошад. АМИТ "Ховар" бо марказҳои калонтарини иттилоотии минтақа ва ҷаҳон ҳамкории мутақобилаи муфид дорад. Хабарҳои АМИТ "Ховар" ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ пахш карда мешаванд. Муассис — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Роҳбар — Садриддини Шамсиддин.
Кулӣ Абдинов
Кулӣ Абдинов (Абдинов Кулӣ Ҷаъфарович, Ишқобод — 20 октябри 1938 1) — сиёсатмадор ва рӯшанфикри тоҷик. Узви Ҳизби Комуунистӣ (аз 1919). Зиндагинома Кулӣ Абдинов дар Ишқободи минтақаи Мовароуннаҳр, аз хонаводаи деҳқони форс ба дунё омадааст. Соли 1923 Донишгоҳи коммунистии заҳматкшони Шарқро хатм кардааст 2. Корнома Кори худро соли 1914 дар чопхонаи Ишқобод ба унвони ҳуруфчин оғоз карда, соли 1919 котиби кумитаи уездӣ-шаҳрии Марв ҲКО (б), солҳои инструктори бригадаи артиши якум, комиссари сиёсии низомии бригадаи аспдавонӣ дар зерзамини Форс кор мекард.
Лайло Абошидзе
Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Гурҷистон Лайло Михайловна Абошидзе (гурҷӣ: августи апрели 2018) — ҳунарпешаи синамо, овозхони шӯравӣ ва гурҷӣ. Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Гурҷистон 3. Зиндагинома Лайло Абошидзе 1 августи соли 1929 дар Тифлис ба дунё омадааст.
Аббос ибни Муҳаммад
Аббос ибни Муҳаммад — севумин малики Бомиён аз хонадони Ғуриён, писари Шамсуддин Муҳаммад ибни Масъуд ва бародарандари Баҳоуддин Соми.
Абвер
Абвер — идораи разведка ва контрразведкаи Германия. Соли 1919 таъсис гардида, соли 1938 ба Раёсати разведка ва контрразведкаи фармондеҳии олии Қувваҳои мусаллаҳи Германия табдил ёфт. Ба гирдоварии иттилооти махфии ҳарбӣ дар давлатҳои хориҷӣ, тахрибкориҳо дар ақибгоҳи душман ва амсоли инҳо машғул буд, ҳамчунин контрразведкаи дохилию хориҷии мамлакатро танзиму идора мекард. Абвер солҳои 1935 – 44 дар бисёр мамлакатҳо шабакаҳои худро дошт. Аз тирамоҳи 1940 Абвер тамоми нерӯи худро тибқи нақшаи "Барбаросса" алайҳи Иттифоқи Советӣ равона карда буд. Феврали 1944 Абвер барҳам хӯрд ва вазифаи он ба уҳдаи Сарраёсати амнияти империявӣ вогузор гардид.
Асрори Сомонӣ
Асрори Сомонӣ (Асрори Раҳмонфари Сомонӣ ноябри 1952 1, деҳаи Артуч, ноҳияи Панҷакент — 14 феврали 2023, Душанбе) — нависанда, тарҷумон, адабиётшинос, ва рӯзноманигори тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Зиндагинома Асрори Раҳмонфари Сомонӣ 1 ноябри соли 1952 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1969 мактаби миёнаи 6-и шаҳраки Колхозчиён, соли 1974 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба поён расондааст 2. Корнома Баъди хатми донишгоҳ дар шуъбаи матншиносии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор пардохтааст. Солҳои дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ (дар Афғонистон), хидмати ҳарбиро ба ҷой оварда, баъдан фаъолияташро дар институти номбурда идома бахшидааст. Ҳамзамон, сармуҳаррири Студияи телевизиони Душанбе "Сомониён", сармуҳаррири ҳафтаномаи Минбар "Трибуна", муҳаррири масъули ҳафтаномаи "Тоҷикистон", ёвари ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон будааст. Муддате ёварии раиси ҶСШК "Нафтрасон" ва сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон"-ро бар уҳда дошта, пайваста фаъолияти илмию эҷодиро ҳам пеш бурдааст. Таълифот Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, нахустин шеъру хабару мақолаҳояш дар авроқи рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ ("Зарафшон") ва ҷумҳуриявӣ ("Машъал"-у "Пионери Тоҷикистон") ба табъ расидаанд. Муаллифи беш аз 300 очерку мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ, рисолаҳои "Носири Хусрав — шоири мутафаккир", "Родмарди хуҷистакор", "Ёқути сурх", "Марди роҳ", "Рӯдакиро суханаш тилви нубост" ва "Яккатози майдони Ҷомишиносӣ" мебошад. Мураттиб ва муфассири куллиёту мунтахаботи осори Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абрураҳмони Ҷомӣ, Фаттоҳии Нишопурӣ, Кироми Бухороӣ, Имлои Бухороӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Лоиқ Шералӣ, Беранги Кӯҳдоманӣ ва дигарҳост. Тарҷумонӣ Намунаҳоеро аз осори В. Ванчура, С.Есенин, Р. Ҳамзатов, Е. Э. Бертелс, Қ. Қулиев, Р. Бёрнс, Н. Доризо, С. Островой, Р. Фарҳодӣ, В. Воскобойников, Р. Киффер, А. Салим, Ӯ.Ҷамол ва ғ. ба тоҷикӣ гардондааст. Иддае аз навиштаҳояш дар матбуоти Эрону Афғонистону Ӯзбекистон мунташир ва ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума шудаанд. Ҷоизаҳо Бо чандин ордену медали ватаниву хориҷӣ, ифтихорномаҳо ва нишони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" қадр шудааст. Узви Созмони ховаршиносони шӯравӣ ва Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон "Пайванд" ва аз соли 1993 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2014 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Даргузашт Асрори Раҳмонфари Сомонӣ 14 феврали 2023 дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Аббакумовская (ноҳияи Тарног, Вологда)
Аббакумовская — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Тарног, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.
Абдиел Арройо
Абдиел Арройо Молинар (декабри 1993, Колон, Панама) — футболбози панамӣ, нимҳимоятгари ҳуҷумкуни канорӣ.
Абганерово (ноҳияи Светлояр, Волгоград)
Абганерово - деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Светлояр, ки дар вилояти Волгоград қарор дорад, дохил мешавад.
Абарсом
Абарсом, Абарсоми Ардашерфар — яке аз дарбориёни баландпояи дарбори Сосониён, вузург фармазор (вазири аъзами)-и Ардашери Бобакон.
Абдуҳалим Ғаффорзода
Абдуҳалим Ғаффорзода (Ғаффоров) (24 декабр и соли 1951) — омӯзгор, ходими сиёсӣ, Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади интихоботҳои президентии Тоҷикистон 2006, 2013 ва 2020. Зиндагинома Дар дар деҳаи Кулолӣ, ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г Шевченко (ҳозир С. Айнӣ) соли 1972 хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз вазифаи лаборанти калони шуъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба ҳайси мудири кабинет, ассистенти кафедра фаъолият намудааст. Солҳои дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият намудааст. Солҳои дар кафедраи педогогика ва психологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар вазифаҳои омӯзгори калон, дотсент фаъолият кардааст. Солҳои муовини аввали ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Солҳои — мутахассиси пешбари шуъбаи забони Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз декабри соли 2006 — Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти сиёсӣ Аз соли 1998 аъзо ва Раиси ташкилоти Душанбегии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон. Соли 2004 — Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интихоб шудааст. Соли 2006 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун номзад ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст ва дар интихобот иштирок намудааст. Аммо дар он интихобот, чун дар интихоботи қаблӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, ки беш аз 20 сол боз раҳбарии давлати Тоҷикистонро бар уҳда дорад бо касби бахши умдаи орои интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овард. Дар анҷумани ҳаштуми ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон, ки 18 сентябри соли 2013 дар Қасри иттифоқи касаби Тоҷикистон доир шуд, 78 аъзои ин ҳизб ба иттифоқи Абдуҳалим Ғаффоровро ба унвони номзад барои ширкат дар интихоботи президентӣ интихоб карданд. 1 Бохти интихобот Вале, дар Интихоботи президентии Тоҷикистон, 2013 ӯ танҳо ба 1,5 фоизи овозҳои интихобкунандагон соҳиб гардид, ки нисбати имзоҳои барои номзад ба президент шудан ҷамъ намудааш, 4 маротиба камтар аст ва ҳамаги 54 148 ташкил медиҳад. 2. Ин бори дуюм аст, ки Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ маглуб шудааст. Бори аввал чунин нокоми дар Интихоботи президентии Тоҷикистон, 2006 рӯй дода буд. Дастовардҳо Соли 1997 рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Асарҳо: Асосҳои педагогика. — Душанбе, 1994,(бо ҳаммуаллифон); Зан аз нигоҳи сиёсати гендерӣ. — Душанбе, 2006; Ҷоизаҳо Бо медалҳои "Барои шуҷоат", "5, 10,15 — солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "130 — солагии Сталин", "20- лет вывода советских войск из Афганистана", "65- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ" ва "20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.
Аccотсиативият
Ассотсиативият — қонун ё хусусияти амалҳои ҷамъ ва зарби ададҳо, ки бо айниятҳои (а +) + + (+) ва ифода мешавад. Умуман, агар амали а ба қоидаи (а) а(с) сурат гирад, онро амали ассотсиативӣ меноманд. Зарби матритсаҳо амали ассотсиативӣ аст, гузоришот ва табдилот низ. Аммо зарби вектории векторҳо ин гуна амал нест, зеро мебошад.
Аббасанта
Аббасанта (Аббасанта) — коммуна дар Италия аст, ки дар минтақаи Сардиния, дар музофоти Ористано ҷойгир аст. Аҳолӣ - 2888 нафар, зичии аҳолӣ 70,64 нафар км мебошад. Масоҳат - 40 км. Рамзи почта - 9071. Рамзи телефон - 0785. Пайвандҳо Эзоҳ Ҳамчунин нигаред.
Абакумовская (ноҳияи Верховаж, Вологда)
Абакумовская — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Верховаж, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.
Абатуриха (ноҳияи Вожегод, Вологда)
Абатуриха — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Вожегод, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.
Абай (ноҳияи Пахтаарал)
Абай Абай) — деҳа дар вилояти Туркистони Қазоқистон. Дар ноҳияи Пахтаарал ҷойгир аст. Дар соли 2009 1366 нафар аҳолӣ дошт.
Абд Раббо Мансур Ҳодӣ
Абд Раббо Мансур Ҳодӣ (1 сентябри 1945, вилояти Абян, Протекторати Аден — Чумҳурии Яман) — арбоби давлатии Яман Президенти Яман аз 27 феврали соли 2012. Зиндагинома Соли 1970 хидмати ҳарбиро дар артиши Ҷумҳурии Демократии Халқии Яман оғоз кардааст. Соли 1994, пас аз муттаҳид шудани Ҷумҳурии Демократии Халқии Яман ва Ҷумҳурии Ямани Араб дар соли 1990 ба Ҷумҳурии Яман, ӯ дар давоми 4 моҳ бо рутбаи генерал -майор вазири дифоъ буд. 3 октябри соли 1994 президент Алӣ Абдулло Солеҳ ӯро ноиби президент таъйин кард. Аз 4 июн то 23 сентябри соли 2011 ҳангоми табобати Алӣ Абдулло Солеҳ, ӯ ба ҳайси президенти кишвар кор кардааст. 23 ноябри соли 2011 ӯ вазифаи худро ҳамчун сарвари давлат давом дод. Президент 21 феврал и 2012, дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, Мансур Ҳодӣ ягона номзад буд, Мансур Ҳодӣ ба муҳлати ду сол президенти Яман интихоб шуд. 7 Рӯзи 25 феврали 2012 ӯ савганд ёд карда, ба вазифа нишаст 8. Ходӣ ягона номзад дар интихобот буд, аз номзадии ӯ ҳам ҳизби ҳоким ва ҳам мухолифони порлумонӣ пуштибонӣ карданд. Кумиссиюни интихобот гуфт, 65% -и интихобкунандагони сабтиномшуда дар Яман ба ӯ раъй доданд. Яке аз аввалинҳо қароре ки ӯ қабул намуд, он буд, ки Яман дар оянда бояд ба модели федеролии ҳукуматдорӣ гузарад. Декабри 2012 ӯ фармони президентро дар бораи азнавташкилдиҳии Нерӯҳои Ҳавоӣ, Артиш (нерӯҳои хушкигард), Нерӯҳои ҳарбии баҳрӣ, муҳофизати соҳили баҳрӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва Нерӯҳои стратегии захиравӣ содир кард. 9 Президент гуфт, ки мубориза бо Ал-Қоида ҳадафи муҳим аст. Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори дар моҳи сентябри соли 2012 Ҳодӣ ҳушдор дод, ки кишвараш ҳанӯз аз ошӯби мардумӣ, ки пешгузаштаи ӯ Алӣ Абдулло Солеҳро сарнагун кардааст, наҷот наёфтааст ва хатари ҷанги шаҳрвандӣ бадтар аз Афғонистон вуҷуд дорад. Вай ҳамчунин гуфт, ки Яман бо се ҷанги эълоннашуда рӯбарӯ шудааст: террористони Ал-Қоида, роҳзанҳо дар халиҷи Адан ва шӯришгарони Ҳусӣ дар шимол ва Эрон бавосита ин мухолифонро дастгирӣ мекунад. 10 Моҳи январи соли 2014 ваколати Ҳодӣ ба як соли дигар тамдид карда шуд. 11 22 январи соли 2015, ҳангоми муноқишаи мусаллаҳона ва забти муассисаҳои давлатӣ аз ҷониби ҳуситҳо, ки назорати пойтахтро таъсис доданд, Ҳодӣ аризаи истеъфо дод, ки онро парлумон баррасӣ мекард. 12 Тибқи конститутсия, иҷрокунандаи вазифаи президент Яҳё Алӣ ал-Рай гардид 13. Ҳукумати кишвар низ истеъфо дод; дар асл, президент ва вазирон дар ҳабси хонагӣ буданд 14. Аммо, 25 январ, Ҳодӣ тасмим гирифт, ки аризаи истеъфояшро бозпас гирад, аммо ин амал натавонист ӯро ба қудрат баргардонад 15. Дабири кулли СММ Пан Гӣ Мун пас аз таъсиси ҳукумати ҳусиҳо даъват кард, ки Ҳодӣ ба мақоми президенти Яман барқарор карда шавад. 6 феврал и соли 2015 Кумитаи Инқилобӣ таъсис дода шуд, ки мебоист Шӯрои президентӣ иборат аз панҷ нафарро таъйин мекард. Ҳамин тариқ истеъфои Ҳодӣ оҷибат ниҳоӣ шуд. 21 феврали соли 2015 пас аз дар ҳабси хонагӣ дар муҳлати як моҳ будан Ҳодӣ тавонист аз Санъо ба Аден фирор кунад. Дар он ҷо ба ӯ муяссар шуд, ки бо ҳокимони музофотҳои Ямани ҷанубӣ мулоқот кунад ва барои бозпас гирифтани аризаи истеъфояш изҳорот дод. 25 феврал Кумитаи Инқилобӣ ва мақомоти расмии давлатӣ ба ҷустуҷӯи собиқ президенти фирорӣ шурӯъ карданд 16 17. Ҳангоми фирор, Ҳодӣ шаҳри Аданро пойтахти муваққатии кишвар таъйин кард. Ҳодӣ аз як суиқасд наҷот ёфт (ҳуситиён ба қасри Адан, ки дар он ҷо Мансур Ҳодӣ ҷойгир буд, ҳамлаи ҳавоӣ карданд). Ҳодӣ муқовиматро идома дод ва инчунин ба ҳуҷуми низомӣ ба Яман даъват кард. Пас аз он ки шӯришиён рӯзи 25 март Аданро ба даст гирифтанд, президенти пешин дар баробари намояндагиҳои дипломатии давлатҳои араб кишварро тарк кард. 18 Рӯзҳои 27-29 марти соли 2015 дар ҷаласаи 26-уми Лигаи кишварҳои араб ширкат варзид. Охири соли 2015 муносибатҳо байни Мансур Ҳодӣ ва ноиби президенти пешин, сарвазир Холид Баҳаҳ бад шудан гирифтанд. 1 декабр Бахах таъйинотҳои нави кабинети вазиронро аз ҷониби собиқ президенти фирорӣ Мансур Ҳодиро рад кард. Тибқи фармони президент аз 1 декабр, дар Яман бояд роҳбарони панҷ раёсат иваз мешуданд. Аз ҷумла президент Ҳодӣ роҳбари вазорати хориҷаро иваз кард: ба ҷои Абдулмалик ал-Маҳлафӣ, Риёз Ёсин таъйин шуд ва Ҳусейн Муҳаммади Араб роҳбари нави Вазорати корҳои дохилӣ эълон шуд. Ҳамчунин, роҳбарони вазоратҳои нақлиёт, хидмати давлатӣ ва иттилоот бояд иваз карда мешуданд. Вазири нави нақлиёт Салоҳ ал-Шанфара низ аз таъйиноти худ изҳори норозигӣ кард. Бино ба як манбаъ дар Ҷунбиши Ҷанубӣ, ки яке аз фармондеҳони он Аш-Шанфара аст, шайхони маҳаллӣ кӯшиш мекунанд, ки ӯро бовар кунонанд 19.:.57874936615600907287. Таҳқиқи фаъолияти президент 9 апрели соли 2015 Прокурори генералии Яман оид ба далели эҳтимолияти содир кардани ҷиноятҳои зидди амнияти давлатӣ аз ҷониби собиқ президенти ҷумҳурӣ Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ва як қатор шарикони ӯ чораҳои маъмурӣ оғоз кард 20. 2 декабри соли 2015 дар Санъо мурофиаи президенти собиқ Абд Раббо Мансур Ҳодӣ оғоз ёфт. Додситонии кулл парвандаҳои ҳафт узви баландпояи роҳбарияти давлатро ба мурофиа фиристод. Додгоҳи ҷиноӣ, ки ба терроризм ва амнияти давлатӣ тахассус дорад, нахустин мурофиаи худро бо иттиҳоми хиёнат ба кишвар ва кумак ба душмани саъудӣ дар тахриби кишвар боз кард. Се мушовири президент, вазири пешини корҳои хориҷӣ Риёд Ясин, сардори ситоди Хадамоти амнияти миллӣ ва сафири ин кишвар дар ИМА низ ғоибона айбдор карда шуданд. 21 25 март25 марти соли 2017, додгоҳи таҳти назорати Ҳусҳо дар шаҳри Санъо амалкунанда, президенти фирорӣ Ҳодиро бо иттиҳоми барангехтан ва кумак ба давлати таҷовузкор - Арабистони Саудӣ - ва иттифоқчиёнаш ва хиёнат ба ватан ба қатл маҳкум кард. Илова ба ин, додгоҳ шаш мақоми дигари ҳукумати ӯро ба ҳукми қатл маҳкум кард, аз ҷумла сафири Яман дар ИМА Аҳмад Авад бин Муборак ва вазири пешини хориҷии ин кишвар Риёз Ясинро. 22 23.. Ҳолати саломатӣ Дар моҳи сентябри соли 2018 агентии иттлоотии дар бораи мушкилоти саломатии қалби Мансур Ҳодӣ хабар дод, ки ӯро маҷбур кардаанд, ки барои табобат ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад. 24 11 майи соли 2020 расонаҳо хабар доданд, ки Ҳодӣ бо сактаи дил дар беморхона бистарӣ шудааст. Бино ба иттилои Маркази тадқиқоти стратегии Санъо, Ҳодӣ дар панҷ соли охир аллакай панҷ маротиба аз беморхонаи Кливленд дар ИМА барои табобати дилу рагҳо ба воситаи ҳавопаймои хусусии саудӣ дидан кардааст. Як моҳ пеш, чунин сафар аз сабаби манъи парвозҳои марбут ба пандемияи -19 сурат нагирифт 25. Адабиёт Пайвандҳо.
Абабково (ноҳияи Вичуг, Иванов)
Абабково — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Вичуг, ки дар вилояти Иванов қарор дорад, дохил мешавад.
Аббос Баҳодур
Аббос Баҳодур (соли таваллуд номаълум — вафот 1388) — яке аз сипоҳсолорони машҳури амир Темур. Зиндагинома Аббос Баҳодур аз қабилаи қипчоқ буд ва ҳамин насабро ҳам дошт. Азбаски ӯ ба тумон (сипоҳе, ки аз даҳ ҳазор нафар иборат аст) фармондеҳӣ мекард, лақаби "Баҳодур" гирифта буд. Ширкат дар ҷангҳо Аббос Баҳодур дар ҷангҳои зидди хонҳои Муғулистон; "Ҷанги лой"; амалиёти ҳарбӣ алайҳи қиёми Сарбадорони Самарқанд; забти Балх; тасарруф ва қатли оми Хоразм; фатҳи Ҳирот ва лашкаркашӣ ба Эрон ҳамчун сарфармондеҳи сипоҳи Темур бевосита иштирок кардааст. Марг Соли 1388 дар муҳорибаи зидди Тӯхтамишхон дар мавзеи Чукалак (5 км шарқтари Утрор) ҳалок гардид.
Обозинҳо
Обозинҳо — яке аз мардумонии бостонии Қафқоз ҳастанд, ки дар гурӯҳи халқҳои абхазу-адыгҳо дохил мешаванд.
Абай (шаҳр)
Абай Абай) — шаҳрест (аз соли 1961) дар маркази Қазоқистон ҷойгир аст ва аз соли 2002 маркази ноҳияи Абайи вилояти Қарағандӣ буд. Аҳолӣ,550 нафар (2009 Натиҷаҳои баруйхатгирӣ), 33,066 наф (1999 Натиҷаҳои баруйхатгирӣ). Абай соли 1949 ҳамчун як шаҳраки ангиштканон бо номи Шерубай-Нура Шерубай-Нұра, -) таъсис ёфтааст.Дар соли 1961 ба номи Абай Қунанбайулӣ, шоир, оҳангсоз ва файласуфи қазоқ, ба номи Абай иваз карда шуд. Варзиш Дар соли 2014 дастаи шаҳри Абай дар чемпионати кишвар оид ба бенди байни наврасони соли таваллудашон 1996 ва хурдтар ширкат дошт.
Абаркӯҳ
Абаркӯҳ – шаҳр ва пойтахти Шаҳристони Абаркӯҳ, Устони Язд, Эрон. Дар барӯйхатгирии соли 2016, шумораи аҳолии он 27,524 нафар дар 5,880 оила буд. Абаркӯҳ дар баландии 1510 метр (4954 фут) ҷойгир аст. 3 Дар ин ҷо як дарахти қадимаи Сарви Абаркуҳ ҷойгир аст. 4 Абаркӯҳ дорои 4 адоба — хонаи яхдонӣ мебошад, ки аз сулолаи Қоҷариён бармеоянд. Хонаҳои яхдонии адоба (яхчол) биноҳои қадимист, ки барои нигоҳ доштани ях ва хӯрок дар тӯли сол истифода мешуданд, ки қаблан ихтироъ карда шуда буданд. 5 Аксҳо Сарчашмаҳо.
Абдуллатифи Аббосӣ
Абдуллатиф ибни Абдуллоҳи Кабири Аббосии Яздии Гуҷаротӣ — луғатнавис ва адиби форсизабони Ҳиндустон. Зиндагинома Дар зодгоҳаш касби камол намуда, сипас ба Ҳиндустон рафт ва дар он ҷо кору зиндагӣ кард. Дар ҷавонӣ аз маҳзари Муҳаммад Сӯфии Мозандаронӣ баҳра бурда ва бо ӯ дар истикбоб ва муқобилаи тазкираи "Бутхона" ҳамкорӣ доштааст. Аббосӣ ба ин асар, ки танҳо аз намунаҳои ашъор иборат буд, шарҳи ҳоли шоиронро афзудааст. Аз ҷумлаи корҳои муътабар ва эътирофшудаи Абдуллатифи Яздӣ фарҳанги тафсириест бо номи "Латоифу-л-луғот". Ин асар фарҳанги тафсирии вожаҳои "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолуддини Румӣ мебошад. Тамоми калимаҳои "Маснавии маънавӣ" ба кадом забоне, ки тааллуқ дошта бошанд, дар ин асар ташреҳ шудаанд. Асарҳои дигари лексикографӣ, аз ҷумла "Латоиф-ул-ҳақоиқ", "Шарҳи Ҳадиқат-ул-ҳақиқа"-и Саноӣ ба қалами Абдуллатифи Яздӣ тааллуқ доранд.
Абдушариф Боқизода
Абдушариф Боқизода (Боқиев Шариф январи 1964, Қаротегин, ноҳияи Рашт, вилояти Ғарм, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 26 сентябри 2024, Душанбе, Тоҷикистон) — ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ. Муаллифи рисолаҳои "Фиқҳи исломӣ" ва "Тафсири навини Қуръони карим". Зиндагинома Абдушариф Боқизода 10 январи соли 1964 дар Қаротегин ба дунё омадааст. Падару модараш аз аҳли илму фазл ва огоҳ аз донишҳои адабию илмии калассикӣ будаанд. Аз ин рӯ тарбияти падар дар роҳи илмии вай муассир будааст. Баробари таҳсил дар мактаби миёна, ҳамчунин дар назди чанде аз шахсиятҳои маъруфи мазҳабӣ дар Рашту Кофарниҳону Душанбешаҳр таҳсили илм карда, ба улуми сарфу наҳв, фасоҳату балоғат, тафсиру аҳодис ошно шуд ва тадриҷан ба таснифот пардохта, чанд рисолаеро манзури умум кард. Нахустин асараш "Ислом раҳнамои халқҳо" аст, соли 1985 чоп шуд. Таҳсилоти олӣ Абдушариф Боқизода соли 1994 риштаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва соли 2008 риштаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Таълифот Даргузашт Абдушариф Боқизода 26 сентябри соли 2024 бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе дар 60-солагӣ аргузашт.
Аббос Киёрустамӣ
126416244? 126416281? Аббос Киёрустамӣ (22 июн, 1940 — 4 июл, 2016) коргардоне эронӣ буд ки эътибори ҷаҳонӣ дорад. Аз соли 1970 то кунун, Киёрустамӣ дар сохтани беш аз 40 филм нақш доштааст ки шомили теъдоди зиёде филми кӯтоҳ ва филми мустанад аст. Аз машҳуртарин корҳои Киёрустамӣ метавон ба сегонаи Коклер, Таъми Гелос ва Бод Моро Хоҳад Бурд ишора кард. Киёрустамӣ даст б корҳои бисёре задааст, монанди филмноманависӣ, тадвин, коргардонӣ, сохти филм, тарроҳии унвонҳои ифтихорӣ ва корҳои таблиғотӣ. Ғайр аз филмсозӣ, Киёрустамӣ ба шеър, аккосӣ, наққошӣ, тасвирбардорӣ ва график ҳам мепардозад. Ӯ чандин бор довари ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ будааст. Киёрустамӣ яке аз коргардонҳои мавҷи нави Эрон аст. Мавҷи нави синамои Эрон дар даҳаи 1960 оғоз шуд ва коргардонҳое монанди Фуруғ Фаррухзод, Суҳроб Шаҳид-Солис, Баҳром Байзоӣ ва Парвиз Кимиёвӣ ба он пайвастанд. Бисёре аз ин коргардонон филмҳои шоирона ва аксаран бо мавзӯъҳои сиёсӣ ва фалсафӣ месохтанд. Филмҳо.
Абай (ноҳияи Сӯзоқ)
Абай Абай) — деҳа (ауыл) дар вилояти Туркистони Қазоқистон. Дар ноҳияи Сӯзоқ ҷойгир аст. Дар соли 2009 529 нафар аҳолӣ дошт.
Сураи Абаса
Сураи Абаса (— рӯ турш кардан) — ҳаштодум сураи Қуръон. Аз 42 оят ва як рукӯъ иборат мебошад Мундариҷа Дар Макка нозил шуда, ба тартиби нузул сураи 17-ум аст. Номи Абаса аз ояти якум гирифта шудааст. Сабаби нузули онро чунин гуфтаанд: Абдуллоҳ ибни Умми Мактум дар ҳоле назди Пайғамбар (с) омад, ки ӯ машғули даъвати бузургони Қурайш ба Ислом буд ва бехабар сухани Пайғамбарро (с) бурид. Ҳазрати пайғамбар (с) рӯ турш карда аз ӯ рӯ гардонид. Худо Пайғамбарашро (с) итоб кард (оятҳои). Мавзӯи оятҳои дигар чунин аст: Қуръон, инсон, офаринишу парвариши ӯ, ризқу рӯзии ӯ, фаро омадани сайҳа — дамидани сур, даҳшатҳои он рӯз, гурӯҳи растагор ва гурӯҳи гирифтор дар он рӯз. Тафсир Эзоҳ.
Абдон Рис
Абдон Рис Кардосо (октябри 1981, Тариха, Боливия) — футболбози боливиёӣ, нимҳимоятгар.
Фарҳод Аббос
Фарҳод Аббос — яке аз пешвоёни мубориза барои истиқлоли Алҷазоир; пойбанди ақидаҳои мӯътадили миллатгароӣ буд. Зиндагинома Фарҳод Аббос 24 августи 1899 дар шаҳраки Таҳер дар наздикии шаҳри Константини мустамликаи фаронсавии Алҷазоир дар оилаи деҳқони серфарзанд таваллуд шудааст. Вай яке аз 12 фарзанди Саид бин Аҳмад Аббос ва Магим бин Алӣ буд. Ин оила аз Қабилияи Хурд омадааст, аммо ҳанӯз дар соли 1871, пас аз саркӯбии исёни Муҳаммад эл-Мукранӣ, онҳо ба соҳил гурехтанд ва фелахҳо шуданд. Солм 1909 Аббосро барои таҳсил ба мактаб фиристоданд ва дар синни 14-солагӣ, ҳамчун хонандаи хуб, ӯро барои таҳсил ба Филиппвил (ҳоло Скикда) фиристоданд. Аз соли 1921 то 1924, Аббос дар артиш хидмат мекард ва мақолаҳояшро бо тахаллуси Комил Абенсеҷар дар рӯзномаҳои гуногун нашр мекард. Соли 1924 ба Донишгоҳи Алҷазоир дохил шуд. Оғози карераи сиёсӣ Дар Донишгоҳи Алҷазоир Фарҳод Аббос ҳамчун дорусоз таҳсил кардааст. Ҳамзамон, ӯ дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ фаъолона ширкат варзид — дар соли 1924 яке аз муассисони Ассотсиатсияи донишҷӯёни мусулмони Африқои Шимолӣ дар Париж гардид. Соли 1926 ӯ ноиби президент ва соли 1927 президенти Ассотсиатсия шуд. Дар соли 1931, Аббос аз вазифаи президенти Ассотсиатсияи донишҷӯёни мусулмон истеъфо дод. Дар худи ҳамон соли 1931 ӯ китоби Алҷазоири ҷавон-ро навишт, ки дар он ӯ мақолаҳои худро аз солҳои 20-ум чоп карда, нуқтаи назари худро дар бораи ояндаи Алҷазоир баён кардааст. Фарҳод Аббос дар бораи Алҷазоир ва арабҳои Алҷазоир навиштааст: - " Мо дар хонаем. Мо ба ҷои дигар рафта наметавонем. Ин замин ниёгони моро сер кард, ин замин фарзандони моро сер хоҳад кард. Новобаста аз он ки мо озод ҳастем ё ғулом, вай аз они мо ва мо аз они вай ҳастем ва намегузорад, ки мо ҳалок шавем. Алҷазоир бе мо зиндагӣ карда наметавонад. Мо бе ӯ зиндагӣ карда наметавонем. Онҳое, ки орзу доранд, ки ояндаи мо ояндаи сиёҳпӯстони Амрико хоҳад буд, хато мекунанд. Соли 1933 Фарҳод Аббос дар ташкили Иттифоқи халқии Алҷазоир ширкат варзид. Пас аз хатми ҳамон сол, Аббос ба сифати дорусози сертификатдор дар дорухонаи ба кор шурӯъ кард. Вай як чеҳраи маъруф шуд — дар соли 1934 ӯ мушовири умумӣ ва дар соли 1935 — узви шӯрои мунисипалии Сетиф интихоб шуд. Аббос ба Федератсияи Константин интихобшудаи мусалмонон пайваст ва аз соли 1933 ба ҳайси рӯзноманигор дар ҳафтаномаи - (Созишномаи Франко - Мусалмонон) кор мекард, ки онро одатан Созишнома меномиданд. Дар соли 1937 доктор Бенҷеллул, раҳбари Федератсияи Мусалмонони интихобшуда, Аббосро сармуҳаррири рӯзнома таъйин кард. Вай нашрияро ба минбар табдил дод, ақидаҳои худро бо мақолаҳои радикалӣ таблиғ кард, ба низоми муҳандис ва дигар фармонҳои мустамликавӣ шадидан мухолифат кард. Дар соли 1938 Аббос ҳизби Иттиҳоди халқии Алҷазоирро таъсис ва роҳбарӣ кард, ки ҷонибдори додани ҳуқуқи баробари алҷазоириҳо бо шаҳрвандони Фаронса буд. ИХА дар якҷоягӣ бо Федератсияи интихобҳои маҳаллӣ, ки ба он ҳамроҳ шуданд, сухангӯи асосии табъи доираҳои либералии Алҷазоир гаштанд ва шуҳрати калон пайдо карданд. Дар моҳи сентябри 1939, вақте ки Фаронса ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ворид шуд, Аббос ҳизби худро пароканда кард ва довталабона дар сафи артиши Фаронса хидмат кард. Дар соли 1940, Фаронса мағлуб шуд ва ӯ аз артиш бароварда шуд. Мубориза барои мухторияти Алҷазоир То соли 1942, Аббос пешвои шинохташуда дар мубориза барои тавонмандсозии мардуми Алҷазоир буд. Вақте ки моҳи ноябри ҳамон сол нерӯҳои англису амрикоӣ Алҷазоирро забт карданд ва генерал де Голл дар Фаронса довталаби ҳокимият шуд, роҳбарони Алҷазоир инро имкони ноил шудан ба талабҳои худ донистанд. 20 декабр ва 22 декабри 1942, Аббос, М.Бен Ҷалил ва дигарон ба мақомоти нави Фаронса ҳуҷҷатҳоеро фиристоданд, ки дар онҳо барномаи онҳо - Паёми намояндагони мусулмонон ифода ёфтааст. 31 марти 1943, Аббос ва тарафдорони ӯ Манифести халқи Алҷазоир -ро паҳн мекунанд, ки дар он онҳо идеяҳои ислоҳоти зидди мустамликаро дар Алҷазоир дубора таҳия мекунанд. 26 майи 1943 Аббос ва ҳамсафарони ӯ шахсан ба губернатори фаронсавӣ Жорж Катре шахсан Лоиҳаи ислоҳот - изҳороти муфассали тағироти зарурӣ дар Алҷазоирро тақдим мекунанд. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки ба худмуайянкунии Алҷазоир иҷозат дода шавад, ҳамаи маҳбусони сиёсӣ озод карда шаванд, кафолатҳои озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дода шаванд ва пас аз ҷанг интихобот ба Маҷлиси Муассисон гузаронида шавад, ки он бояд барои Алҷазоири Автономӣ Конститутсия таҳия кунад. Ҳамзамон, Аббос ҷонибдори иттифоқ ва федератсия бо Фаронса, қонунияти комили воситаҳои сиёсии расидан ба ҳадафҳо ва садоқаташон ба метрополия мебошад. Ҳамаи ин пешниҳодҳо рад карда шуданд. 7 марти 1944 Кумитаи озодии миллии Фаронса (КОМФ) фармоне содир кард, ки ба намояндагони элитаи Алҷазоир, ки дар назди Франсия хидмат кардаанд, ҳуқуқи шаҳрвандии Фаронсаро ва тамоми аҳолии Алҷазоирро — ҳуқуқи интихоби 40% -и маҷлисҳои шаҳрӣ ва умумӣ додааст. Баъзе пешвоёни мубориза барои автономия худро ба вазъияти нав истеъфо доданд, аммо Аббос муборизаро идома дод. Як ҳафта пас аз фармони КОМФ, 14 марти 1944, вай иттиҳодияи Дӯстони Манифест ва Озодиро таъсис дод, ки ба он уламо бо роҳбарии Шайх Башир ал-Иброҳимӣ ва Ҳизби Халқии Алҷазоир бо роҳбарии Аҳмад Мессалӣ ал-Ҳаҷ ҳамроҳ шуданд. Аз 15 сентябри 1944, Аббос инчунин ҳафтаномаи Эгалит (Баробарӣ)-ро бо зери сарлавҳа Баробарии одамон — Баробарии нажодҳо — Баробарии миллатҳо нашр кард. Ассотсиатсия талаб кард, ки федератсияи Алҷазоири автономӣ бо Фаронсаи навсозишуда ва зидди мустамликадорӣ таъсис дода шавад. Вай дастгирии васеъ гирифт (то 600,000 тарафдорони фаъол), аммо дар дохили ассотсиатсия ҷудоихоҳӣ ба амал омад — тақвияти ҷиноҳи радикалии ҷавонон дар Ҳизби Халқии Алҷазоир боиси пайдоиши шиорҳои зидди Фаронса гардид, ки Аббос ба он эътироз кард. Дар моҳи марти 1945, роҳбарияти Дӯстони Манифест ва Озодӣ аллакай масъалаи истиқлоли Алҷазоирро муҳокима карда, масъалаи автономияро тарк кард. 15 майи 1945, мақомоти Фаронса иттиҳодияи Дӯстони Манифест ва Озодиро пароканда карда, онро дар ташкили исёни Алҷазоир айбдор карданд. Аббос ва дигар пешвоён боздошт шуданд. Бӯҳрони муборизаи ҳуқуқӣ Дар моҳи марти 1946, Ферҳат Аббос, ки аз зиндон раҳо шуда буд, Иттиҳоди Демократии Манифести Алҷазоир (ИДМА)-ро таъсис дод ва боз пешвои мубориза барои автономия гардид. Аллакай дар моҳи июн, ИДМА аз 13 курсии барои Алҷазоир ҷудошуда дар интихоботи Маҷлиси муассисони Фаронса 11-тоашро ба даст овард. Аббос, ки вай низ аз Сетиф вакили мардумӣ шудааст, борҳо дар Маҷлиси мухторияти Алҷазоир баромад карда, 9 августи 1946 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Автономии Алҷазоирро ба муҳокима пешниҳод кард. Лоиҳа иваз кардани режими мустамликадориро дар Алҷазоир бо автономияи дохилӣ дар бар мегирифт ва онро Маҷлиси муассисон рад кард. Моҳи ноябри соли 1946 маҷлис кори худро қатъ кард ва Аббос узви Ассамблеяи Иттиҳоди Фаронса гашт. Радди вакилони парлумони Фаронса аз қабули конститутсияи Алҷазоири автономӣ мавҷи ноумедиро дар ҷомеаи Алҷазоир ба бор овард. Хуруҷи оммавии ҷавонон аз Иттифоқи Демократии Манифести Алҷазоир оғоз ёфт ва шумораи он аз 7000 фаъол то ба 3000 кам шуд. Дар ҳоле ки Аббос ҳимояти инқилоб бо қонун -ро идома медод, раҳбарии сиёсӣ ба Ҳаракат барои тантанаи озодиҳои демократӣ -и Мессалӣ Ҳаҷ гузашт. Рост ба роҳи қонунии худмухторӣ, Аббос моҳи апрели соли 1948 ба Маҷлиси Алҷазоир интихоб шуда, ИДМА-и тунуккунандаро ба ҳизб табдил дод. Худи ҳамон сол, ӯ ҳафтаномаи худро Эгалит (Баробарӣ)-ро ба (Ҷумҳурии Алҷазоир) иваз кард. Дар соли 1951 Иттиҳоди Демократии Манифести Алҷазоир ба Фронти Алҷазоир барои ҳимоя ва эҳтироми озодӣ дохил шуд. Дар соли 1952, Аббос дабири кулли ИДМА шуд ва моҳи январи соли 1954 дубора ба Маҷлиси Алҷазоир интихоб шуд. Оғози ҷанг барои истиқлоли Алҷазоир Фарҳод Аббосро дар назди интихоби мустақим байни пайвастан ба муборизаи мусаллаҳона ва ҳамкорӣ бо Фаронса гузошт. Бо вуҷуди ин, чанд муддат ӯ ба ҳалли осоишта умедвор буд. То тобистони соли 1955, ӯ роҳҳои муколама бо Фаронсаро меҷӯст (гарчанде ки пешниҳодҳо буданд, ки тамосҳои аввалини Аббос бо шӯришиён дар моҳҳои апрел-май сурат гирифтааст). Дар соли 1955 вай ва ҷонибдоронаш дар гурӯҳи Алҷазоир гурӯҳи 61 -ро ташкил карданд, ки он нақшаи ҳамгироии Алҷазоир -ро, ки генерал-губернатори фаронсавӣ Жак Сустел пешниҳод карда буд, рад кард. Дар моҳи октябри ҳамон сол Аббос бо Ҷабҳаи Миллии Озодшавӣ робитаҳои махфӣ барқарор кард. Танҳо моҳи январи соли 1956 вай аз номи ҳизби худ изҳор дошт, ки ҶМО-ро дастгирӣ мекунад. 9 феврали 1956, Роберт Лакосте вазири доимии Алҷазоир шуд, ки вазифааш саркӯб кардани исён ва несту нобуд кардани ҶМО буд. Пас аз якуним моҳ Аббос аз ҳамкорӣ бо Фаронса даст кашид ва ба Фронти Миллии Озодкунӣ пайваст. Сардори Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоир 25 апрели соли 1956, дар як нишасти матбуотӣ дар Қоҳира, Аббос эълон кард, ки ба муборизаи мусаллаҳонаи Фронти Миллии Озодкунӣ ҳамроҳ мешавад. Иттифоқи Демократии Манифести Алҷазоир пароканда шуд ва ба сафи ҶМО пайваст. 20 августи 1956, дар Конгресси Суммам ҶМО, Аббос узви Шӯрои Миллии Инқилоби Алҷазоир интихоб карда шуд. Дар моҳи августи соли 1957, Аббос узви кумитаҳои иҷроия ва ҳамоҳангсозии Шӯрои миллии инқилоби Алҷазоир интихоб шуд. Вай дар корҳои дипломатӣ оид ба эътирофи муборизаи ҶМО фаъолона ширкат варзид, узви ҳайати ҶМО дар иҷлосияи 12-уми Ассамблеяи Генералии СММ оид ба мушкилоти Алҷазоир буд. Дар моҳи июни соли 1958, ӯ ба ҳайати ҶМО дар мулоқоти кишварҳои Африқои Шимолӣ дар Тунис роҳбарӣ кард. Дар конфронсҳои намояндагони ҶМО ва ҳукуматҳои Марокаш ва Тунис дар Тунис ва Танжер (Марокаш) тасмим гирифта шуд, ки дар ғурбат ҳукумати муваққатии Алҷазоир таъсис дода шавад. Фарҳод Аббос мебоист ҳукуматро сарварӣ мекард. 19 сентябри 1958 Аббос аввалин раиси Шӯрои вазирони ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоир (ҲМҶА) буд, ки марказаш дар Қоҳира воқеъ буд. Худи хамон рӯз дар Қоҳира Ҷумҳурии мустақили Алҷазоир ботантана эълон карда шуд. Ҳукумат наметавонист кишварро идора кунад ва маҷбур буд, ки истиқлоли Алҷазоирро эътироф кунад. Танҳо муовини сарвазир ва вазири нерӯҳои мусаллаҳ Крим Белкасем ба вазъи Алҷазоир бештар таъсир расонданд. 26 сентябри 1958 Аббос вазифаҳои асосии ҳукуматро шарҳ дода, омодагии худро барои оғози муколама бо Фаронса иброз дошт. Ферҳат Аббос 26 сентябри 1958 эълом дошт, ки ҳукумати ӯ роҳбарӣ кардани халқи Алҷазоир ва артиши онро дар мубориза барои озодии миллӣ вазифаи аввалин ва муқаддастарини худ медонад. 2 октябр ба даъвати Аббос ба муколама сарвазири Фаронса генерал Шарл де Голл посух дод. Вай дар шаҳри Константини Алҷазоир суханронӣ намуда, нақшаи худро барои рафъи бӯҳрон пешниҳод кард, ки он ба Алҷазоир додани замин, баробар кардани ҳуқуқи онҳо бо шаҳрвандони Фаронса, чораҳои бартараф кардани бекорӣ ва рушди саноат буд. Баъдтар ӯ розӣ шуд, ки шахсан як ҳайати ҶМО-ро барои гуфтушунид дар бораи оташбас мизбон кунад. Пас аз ду рӯз, 25 октябри 1958, Ферҳат Аббос пешниҳоди фиристодани ҳайатро рад кард ва онро талаби таслимшавӣ номид ва пешниҳод кард, ки дар як кишвари бетараф гуфтушунид кунад. Нақшаи Константин, ки де Голл ба миён гузоштааст, низ ба ҶМО мувофиқат намекард. Муколамае, ки Аббос саъй мекард, сурат нагирифт ва дар соли 1959 Артиши Миллии Озодкунӣ майдони ҷангро васеъ кард. Фаронса артиши 600,000 зидди ҶМО партофт ва аз амалиёти дар Кабилиаи Бузург, ки дар давоми он беш аз як миллион арабҳо дар лагерҳои махсуси ҷойгир шуданд анҷом дода мешавад. Аммо, дигар ҳеч гуна суҳбат дар бораи нобудсозии комили ҶМО набуд. 16 сентябри 1959 де Голл пас аз раъйпурсӣ, вале на дертар аз 4 сол пас аз истиқрори сулҳ ҳуқуқи Алҷазоирро ба худмуайянкунӣ эътироф кард. Вай ба гуфтушунид бо ҶМО розӣ шуд, аммо танҳо масъалаи бас кардани оташро баррасӣ кунад. Де Голл се роҳи ҳалли сарнавишти Алҷазоирро пешниҳод кард — истиқлол, мухторият ва пурра ҳамроҳшавӣ бо Фаронса. Вақте ки Ферҳат Аббос розӣ шуд, то музокирот дар бораи оташбасро оғоз кунад, де Голл ба иштироки ҶМО дар муҳокимаи шартҳои раъйпурсии оянда розӣ шуд. 12 декабр ҲМҶА намояндагони худро барои музокирот таъйин кард, аммо онҳо дубора баргузор нашуданд. Моҳи декабр дар Триполи маҷлиси Шӯрои Миллии Инқилоби Алҷазоир кушода шуд, ки дар он қарор дода шуд, ки қудрати ҷангии Фронтро тақвият диҳад ва бо роҳи низомӣ истиқлол ба даст орад. Танҳо 14 июни 1960 де Голл бори дигар пешниҳод кард, ки намояндагони Ҳукумати муваққатиро барои музокирот фиристанд. июни 1960 барои бори аввал дар Моулин дар наздикии Париж гуфтушунидҳои Фаронса ва Алҷазоир баргузор шуданд. Аммо, онҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд. Фарҳод Аббос Фаронсаро дар халалдор кардани музокирот айбдор кард ва пешниҳод кард, ки дар Алҷазоир таҳти сарпарастии СММ раъйпурсӣ баргузор шавад. Дар тирамоҳ, ӯ ба СССР ташриф овард ва дар он ҷо аз дастгирии роҳбарияти Шӯравӣ бо сардории Хрушёв 7 сентябри 1960 Иттиҳоди Шӯравӣ амалан Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоирро эътироф кард. Камтар аз як моҳ пас, 4 ноябри 1960, генерал де Голл гузаштҳо кард ва эълом дошт, ки тибқи нақшаи нави худ, Алҷазоир ҳукумати худ, муассисаҳо ва қонунҳои худро хоҳад дошт, аммо ҳуқуқҳои маҳдуд дар соҳаи иқтисод, маориф ва мудофиа хоҳанд буд. Де Голл аз баровардани артиши Фаронса аз Алҷазоир саркашӣ кард. Ин гузаштҳо ба роҳбарияти Алҷазоир мувофиқ набуданд. Дар аввали соли 1961 тамосҳои тарафҳо танҳо бо вохӯриҳои махфӣ дар Италия ва Швейтсария байни намояндагони Фаронса ва ҶМО маҳдуд буданд. Рӯзи 15 март эълом шуд, ки де Голл барои музокироти мустақим бо ҶМР ва ҲМҶА розӣ шудааст, аммо пас аз ду ҳафта гуфтушунид бо изҳороти беандешонаи вазири корҳои Алҷазоир Луи Ҷокс барбод рафт. Дар тобистон, Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоир ва Фаронса ҳанӯз ҳам тавонистанд ду даври музокироти мустақимро — 20 май – 13 июни 1961 дар Эвиан дар наздикии марз бо Швейтсария ва 20 - 28 июн дар қалъаи Лугран дар наздикии кӯли Женева баргузор кунанд. Аммо, музокирот танҳо ба наздикшавии мавқеъҳо оварда расонд. Фарҳод Аббос натавонист худи раванди гуфтушунидро ба итмом расонад. 27 августи 1961, дар ҷаласаи Шӯрои Миллии Инқилоби Алҷазоир дар Триполи (Либия), Фарҳод Аббос ба ҳайси раҳбаре омода буд, ки ба Фаронса гузашт кунад. Ба ҷои ӯ Юсуф Бен Хедда таъйин карда шуд. Ду рӯз дар сари Алҷазоир Дар давоми бӯҳрони тобистонаи 1962 дар байни ҲМҶА Бен Ҳедда ва Бюрои сиёсии ҶМО бо роҳбарии Бен Белла, Фарҳод Аббос 16 июли 1962 Бен Белларо дастгирӣ кард. 20 сентябри 1962 Аббос бо 155 овоз бо 36 бюллетени холӣ Раиси Маҷлиси Муассисони Алҷазоир интихоб шуд. 25 сентябри 1962 Фарҳод Аббос Ҷумҳурии мустақили Халқии Демократии Алҷазоирро эълон кард ва то интихоботи президенти ҷумҳурӣ сарвари муваққати давлат шуд. Дар давоми ду рӯз ӯ аввалин сардори давлати Алҷазоири мустақил буд. 27 сентябр Аҳмад Бен Белла Президент интихоб шуд, ки салоҳиятҳо ба ӯ дода шуданд. Дар Алҷазоири мустақил. 22 соли мухолифат Пас аз эълони истиқлоли Алҷазоир Ферҳат Аббос 25 сентябри соли 1962 Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир интихоб шуд. Вай ҳамчунон ҷонибдори рушди демократияи бисёрҳизбии парлумонӣ буд, аммо наметавонист бо авторитаристони сарвазир Аҳмад Бен Белла муқовимат кунад. 14 августи 1963, Фарҳод Аббос ба таври намоишӣ истеъфо дод ва бо лоиҳаи Қонуни Асосии пешниҳодкардаи роҳбарияти ҶМО, ки ҷорӣ намудани низоми якҳизбиро дар назар дошт, изҳори норозигӣ кард. Вай аз ҶМО хориҷ карда шуда, дар моҳи июли соли 1964 дар ҳабси хонагӣ қарор гирифт ва сипас ба зиндони шаҳри Адрари биёбони Саҳро фиристода шуд. Фарҳод Аббос моҳи майи соли 1965 озод карда шуд. Аммо пас аз табаддулоти 19 июни соли 1965, Аббос пешниҳодҳои низомии ҳамкориро рад кард ва ба фаъолияти фаъоли сиёсӣ барнагашт. Вай дар мухоли режими артиш ва ҶМО боқӣ монд ва моҳи марти соли 1976 якҷоя бо Юсуф Бен Хедда ва дигар сиёсатмадорони оппозисиюн манифесте Муроҷиат ба мардуми Алҷазоир -ро паҳн кард. Дар он Фарҳод Аббос сиёсати Шӯрои инқилобӣ ва Хартияи миллиро танқид карда, Ҳуари Бумедӣенро дар ташкили режими ҳокимияти шахсӣ айбдор кард. Барои ин вай ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Аббос 13 июни 1978 озод карда шуд. Соли 1980 ӯ ёддошти худро бо номи Кушодани ҷанг (") ва соли 1984 — китоби Истиқлолият мусодира карда шуд (") нашр кард, ки дар он ӯ фасод ва бюрократияи онсолҳоро танқид мекард. Бо вуҷуди ин, президенти нави Алҷазоир Шадли Бенҷидид 30 октябри 1984, дар як вилла дар маҳаллаи Ҳусейн Дей, ба Фарҳод Аббос медали узви муқовиматро супурд. Фарҳод Аббос 24 декабри 1985 дар шаҳри Алҷазоир даргузашт. Вай дар Майдони Шаҳидон дар қабристони пойтахтии Эл-Алия дафн карда шуд. Адабиёт.
Абад
Абад 1. ҷовидонӣ, ҷовидон будан; замоне, ки охир надорад; муқобили азал. ҷовид, ҷовидонӣ, доимӣ.
End of preview. Expand in Data Studio

Tajik Wikipedia Corpus

This dataset contains 128,985 cleaned articles from the Tajik edition of Wikipedia.

The corpus was created based on articles from the Tajik Wikipedia. All articles were extracted and cleaned to remove wiki markup, hyperlinks, templates, and unnecessary elements to make it suitable for natural language processing (NLP) tasks.

Dataset Summary

  • Language: Tajik (tg)
  • Number of articles: 128,985
  • Format: JSON Lines (.jsonl)
  • Fields:
    • title: The title of the Wikipedia article
    • text: The cleaned plain text content of the article

Example Record

{
  "title": "Эргашбой Муҳаммадиев",
  "text": "Эргашбой Мирзоевич Муҳамадиев  — риёзидони бузурги тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика, профессор. Узви Ҷамъияти математикии ИМА,...."
}

Usage

You can load the dataset using the datasets library:

from datasets import load_dataset

dataset = load_dataset("ArabovMK/tajik-wikipedia-corpus")
print(dataset['train'][:5])

License

This dataset is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license (CC BY-SA 3.0). Source: Tajik Wikipedia

Citation

If you use this dataset in your research or project, please cite it as:

@misc{tajik_wikipedia_corpus,
  author = "ArabovMK",
  title = "Tajik Wikipedia Corpus",
  year = 2025,
  howpublished = "\url{https://huggingface.co/datasets/ArabovMK/tajik-wikipedia-corpus}"
}
Downloads last month
32